Тиҷорати 600 миллион долларии Суғд бо Русия дар соли 2022

Мубодилоти тиҷорӣ байни Суғд ва минтақаҳои мухталифи Русия дар як соли гузашта беш аз 600 миллион доллар будааст.

Раҷаббой Аҳмдзода, роҳбари вилояти Суғд бо Дмитрий Волвач, вазири иқтисоди Русия, ки дар раъси ҳайате муташаккил аз намояндагони сохторҳои давлатӣ ва соҳибкорони кишвараш вориди Хуҷанд шуда дидору гуфтугӯ кард.

Дар ҷараёни ин дидор роҳбари Суғд тиҷорати мутақобили ин вилоят бо минтақаҳои мухталифи Русия дар соли гузаштаро беш аз 600 миллион доллари унвон ва хотирнишон кард: агарчи Суғд бо доштани фурсатҳои фаровон бо манотиқи мухталифи Русия таомул барқарор мекунад, аммо бо вуҷуди ин ҳануз фурсатҳои зиёде вуҷуд дорад.

Бино бар суханони Аҳмдзода; соҳибкорону ширкатҳои пешрави Русия метавонанд дар иҷрои тарҳҳои кучаку бузург дар заминаҳои монанди эҷоди ширкатҳои истеҳсолӣ ва дар бахши маъдану метолоржӣ, нассаҷӣ ва ҳамчунин дар тавсеаи замини ин минтақа иштирок варзанд

Тарафи Русия зимни ибрози ризоят аз раванди ҳамкорӣ дар сутуҳи мухталиф бо таъкид ҳадафи аслии ин сафарро тақвияти мушорикат байни соҳибкорони Русия ва Тоҷикистон хонд.

Бино бар суханони вай тарафи Русия алоқаманд ба тавсеаи равобит мебошад ва дар ояндаи наздик тавсеаи тарҳҳои муштарак пешбинӣ шудааст.

Ҳайати намояндагони сохторҳои давлатӣ ва соҳибкорони Русия барои иштирок дар 9-умин намоишгоҳи байналмилалии “Суғд, Экспо-2023”, ки ҳар сола дар ин минтақа баргузор мешавад вориди Хуҷанд шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад