Эрон пуштибони муқовимат дар баробари душмани исроилӣ

Дабири кулли ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ бо ишора ба ҳимоятҳои Теҳрон аз муқовимати Фаластин, таъкид кард, ки рухдодҳои имрӯзи урдугоҳи Ҷинин нишон дод, ки маёдини набарди гурӯҳҳои муқовимат, воҳид аст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Зиёд Нахола” дабири кулли ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳузур дорад, шомгоҳи душанбе гуфт, ки сафараш ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дар замони муҳим ва пас аз набарди муқовимати Фаластин ба номи “Интиқоми озодагон” анҷом шуд.

Нахола дар гуфтугӯи ихтисосии шабакаи Ал-Олам таъкид кард: дар ҳузури фармондеҳи нируии Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ бо ҷунбиши Ҳамос дидори муҳимме анҷом додем. Пешбинӣ мешавад, ки дидорҳои муштараке бо соири гурӯҳҳои муқовимат бо ҳузури масъулини эронӣ дар ояндаи наздик баргузор шавад.

Вай идома дод: Ҷумҳурии Исломии Эрон мехоҳад аз тариқи ин дидорҳо ин паёмро ирсол кунад, ки ҳаргиз мардуми Фаластинро дар баробари душмани исроилӣ танҳо намегузорад. Исроил бо сароҳат эълом кард, ки мехоҳад ҷунбиши Ҷиҳоди Исломиро ҳадаф қарор диҳад ва дар ҳамин чорчуб се нафар аз фармондаҳони Ҷунбишро террор кард.

Ин мақоми Ҷиҳоди Исломӣ бо ишора ба инки террори фармондаҳони муқовимат ҳаргиз пушти муқовиматро намешиканд, тасреҳ кард: террорҳое, ки алайҳи муқовимат анҷом мешавад ҳамвора боиси тақвияти муқовимат мешавад. Режими саҳюнистӣ мекӯшад бо террори фармондаҳони муқовимат бар рӯҳияи он таъсир бигузорад. ончи дар Ҷинин рӯй дод идомаи набарди ваҳдати маёдин аст.

Урудугоҳи Ҷинин воқеъ дар Фаластин, аз субҳи дирӯз (душанбе), шоҳиди даргирии бесобиқае миёни низомиёни саҳюнист ва неруҳои муқовимати Фаластин аст.

Низомёни саҳюнист, ки имрӯз низ ба баҳонаи дастгирии чанд неруи муқовимати таҳт таъқиб, ба Ҷинин юриш бурда буданд, ногаҳон худро дар камини неруҳои муқовимат диданд. “Сарая ал-Қудс” шохаи низомии ҷунбиши Ҷиҳоди Исломи Фаластин бо интишори баёнияе таъкид кард, ки ҷиҳод алайҳи душмани саҳюнистӣ ҳамчунон идома дорад.

“Сарая ал-Қудс” номи амалиёти имрӯзро “Баъсал-Аҳрор” (Қудрати Озодагон) гузошт ва онро барги тозае дар дафтари ҳамосаи гурӯҳҳои муқовимат дар урдугоҳи Ҷинин донист, ки дар он, артиши душман таҳқир шуд.

Нахола бо баёни инки муқовимат алайҳи режими саҳюнистӣ идома дорад, хотирнишон кард: шаҳодат моро тақвият мекунад ба ин далел ғофилгир кунанда нест балки бахше аз зиндагии мост. Ба исрори режими саҳюнистӣ тарафҳои зиёде барои таҳаққуқи оташбас мудохила карданд. Режими саҳюнистӣ кӯшид бо ҳадаф қарор додани ғайринизомиён муқовиматро таҳти фишор қарор диҳад.

Вай бо таъкид бар инки тавонистем беш аз ниме аз ҷомеаи Исроилиро водор кунем, ки ба паноҳгоҳ бираванд, унвон кард: Телавив ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ ва мавозеи саҳюнистии зиёдеро ҳадаф қарор додем. Тавонистем дар ҷанги ахир дастовардҳои муҳиммеро алайҳи режими саҳюнистӣ муҳаққақ кунем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад