Баррасии муносибатҳои стратегии Тоҷикистону Русия дар мулоқоти мақомоти ду кишвар

Дар мулоқоти Раҳмон бо муовини раиси ҳукумати Русия, дурнамои муносибатҳои шарикии стратегии ду кишвар баррасӣ шуд.

Ба нақл аз дафтари матбуоти раисҷумҳурӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат бо Марат Ҳуснуллин, муовини раиси ҳукумати Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар умури ҳамкориҳои иқтисодӣ мулоқот кардааст.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот тарафҳо ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор доданд. Тарафайн ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русияро баррасӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот таъкид кардааст, ки масоили таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Русия дар сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ ҷойгоҳи хоса доранд ва ҷониби Тоҷикистон ба тамоми маҷмӯи робитаҳои ду кишвар таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.

Тарафҳо бар зарурати идомаи талошҳои ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи пурраи мувофиқаҳои қаблан бадастомада оид ба тавсеаи минбаъдаи ҷанбаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии ҳамкориҳои ду кишвар таъкид намуданд.

Ҳамчунин ба иттилои манбаъ ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмӯи васеи масоили муносибатҳои Тоҷикистону Русияро дар самтҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат, бахусус дар соҳаҳои саноат, аз ҷумла саноати сабук, хӯрокворӣ, ҳамзамон энергетика, комплекси агросаноатӣ, ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва сайёҳӣ муҳокима карданд.

Дар хабари манбаъ омадааст: Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон ба ҳайси самтҳои ояндадори муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ шуданд”.

Ба иттилои манбаъ тарафҳо ба масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират, аз ҷумла ба тақвияти ҳимояи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифз ва тавсеаи фазои умумии маънавию фарҳангии мардумони ҳарду кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.

Дар баробари раҳбари Тоҷикистон сатҳи имрӯзаи робитаҳои ду кишварро дар бахшҳои гуманитарӣ баланд арзёбӣ намуда, таъмини рушди минбаъдаи ҳамкориҳои амалии ҷонибҳоро дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг ҳамчун масалаҳои мубрами рӯз қайд кард.

Зикр гардидааст, ки дар ҷараёни суҳбат инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима гардиданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад