Байден таҳдиди Путин ба истифода аз таслиҳоти ҳастаиро воқеӣ хонд

Раисҷумҳури Амрико чанд рӯз пас аз онки иқдоми Русия дар истиқрори таслеҳоти ҳастаӣ дар Беларусро маҳкум кард гуфт, ки таҳдиди Путин ба истифода аз таслеҳоти ҳастаии тактикиро “воқеӣ” медонад.

Ба гузориши хабаргузории ТоҷикПресс ба нақл аз Ройтерс, рӯзи шанбе Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико иттилоияи Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар бораи истиқрори аввалин силоҳи ҳастаии тактикии Русия дар Беларусро “комилан ғайримасъулона” хонд.

Байден рӯзи душанбе дар ҷамъи гуруҳе аз ҳомиёни молӣ дар Калифорния гуфт: “замоне, ки ҳудуди ду сол пеш инҷо будам ва гуфтам, ки нигарони хушк шудани рӯдхонаи Колорадо ҳастам ҳама ба ман тавре нигоҳ карданд, ки гӯё девонаам. Замоне ҳам, ки гуфтам нигарони истифодаи Путин аз таслеҳоти ҳастаии тактикӣ ҳастам, онҳо ба ман ҳамонтавр нигоҳ карданд; аммо ин таҳдид воқеӣ аст.”

Ҳафтаи гузашта Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус гуфт, ки кишвараш таҳвили силоҳҳои ҳастаии тактикии Русияро оғоз карда, ки бархе аз онҳо се баробар қавитар аз бомбаҳои атомие ҳастанд, ки Иёлоти Муттаҳида дар соли 1945 бар рӯи Ҳирошима ва Нагазоки раҳо кард.

Ин истиқрори таслеҳотӣ аввалин иқдоми Русия дар хусуси ирсоли чунин кулоҳакҳое ба хориҷ аз Русия аз замони суқути иттиҳоди ҷамоҳир Шуравӣ аст; силоҳҳои ҳастаӣ бо бурди кӯтоҳтар ва кам қудрат, ки метавонанд дар майдони ҷанг мавриди истифода қарор гиранд.

Иёлот муттаҳида гуфтааст, ки қасд надорад мавзеи худ дар қиболи силоҳҳои ҳастаии роҳбурдиро дар вокуниш ба истиқрори ин силоҳҳо тағйир диҳад ва ҳеҷ нишонае дар бораи омода шудани Русия барои истифода аз як силоҳи ҳастаӣ надидааст.

Дар моҳи май Русия интиқоди Байден аз барномааш барои истиқрори силоҳҳои ҳастаии тактикӣ дар Беларусро рад карду гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида барои чандин даҳа чунин силоҳҳои ҳастаиеро дар Аврупо мустақар кардааст. Истиқрори чунин таслеҳоте аз самти Русия, тавассути Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш ва ҳамчунин Чин, ки борҳо нисбат ба истифода аз таслеҳоти ҳастаӣ дар ҷанги Украина ҳушдор додааст, аз наздик расад мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад