Боздошти беш аз 2000 ноболиғ дар Душанбе

2 ҳазору 150 ноболиғ дар Душанбе дар аснои кор ва талбандагӣ дастгир шуда ва волидони онҳо барои беаҳамиятӣ ва иҷро накардани уҳдадорӣ дар таълиму тарбияти фарзанд ҷазо дода мешаванд.

2 ҳазору 150 ноболиғ дар Душанбе дар аснои кор ва талбандагӣ дастгир шуда ва волидони онҳо барои беаҳамиятӣ ва иҷро накардани уҳдадорӣ дар таълиму тарбияти фарзанд ҷазо дода мешаванд.

Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, давоми 5 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони РВКД дар шаҳри Душанбе рейду амалиётҳои санҷишӣ гузаронида шудааст.

Манбаъ менависад:

“Дар ин муддат 2150 ноболиғе, ки ба оворагардӣ, талбандагӣ, боркашонӣ, ҷамъоварии маблағ дар нақлиёти ҷамъиятӣ, шустушӯи воситаҳои нақлиёт, марказҳои бозии компютерӣ, чилимхона, савдои кӯчагӣ, дуд додани испанд ва дигар амалҳо машғул буданд, ба мақомоти милитсия дастрас карда шудаанд”.

РВКД дар шаҳри Душанбе меафзояд, ки вобаста ба ҳолатҳои мазкур, нисбати волидайни наврасон барои иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ ва тарбияи ноболиғон (моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ) протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол карда шудаанд.

Ҳоло маълум нест,ки додгоҳ нисбати онҳо чӣ ҳукм баровардааст.

Ин моддаи қонунгузорӣ, огоҳӣ ва ё аз се то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишонидаҳнда барои ҳисобҳо 68 сомонӣ) ҷарима пешбинӣ мекунад.

Милитсияи пойтахт шаҳрвандон, даъват кардааст, ки ҷиҳати таълиму тарбияи фарзандони худ аҳамияти ҷиддӣ дода, нагузоранд, ки онҳо вақти пурқиммати худро ба амалу корҳои беҳуда сипарӣ кунанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад