Нокомии дигаре барои сиёсати минтақаии Амрико

Дар ростои эҳёи равобити сиёсӣ ва дипломатии Эрону Арабистони Саудӣ, сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Риёз рӯзи сешанбе 6 июн пас аз ҳафт сол, бозгушоӣ шуд.

Алиризо Бекдилӣ, муовини консулӣ, умури маҷлис ва эрониёни вазорати умури хориҷа дар ҷараёни суханронӣ дар ин маросим гуфт: Имрӯз, рӯзи муҳимме дар таърихи равобити ду кишвар аст. Аз инки дар кишвари бародару дӯст Арабистони Саудӣ ҳузур дорем бисёр хурсандем. Бекдилӣ бо баёни инки бо барафрошта шудани парчамҳои Арабистону Эрон дар ду кишвар, ҳамкории дуҷониба ба авҷи худ хоҳад расид, тасреҳ кард: Шоҳиди сафҳаи ҷадиде дар равобити дуҷониба ва минтақаӣ ба самти ҳамкорӣ ва ҳамгароии бештар ҳастем.

Бозгушоии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Арабистони Саудӣ гоме ҷадид дар ростои одисозӣ ва эҳёи равобити сиёсӣ ва дипломатии ду кишвари муҳими Ғарби Осиё дар ҳавзаи Халиҷи Форс ва ба масобаи шолудае барои тавсеаи равобити ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо аст. Бозгушоии сафоратхонаи Эрон дар Риёз пас аз он сӯрат мегирад, ки дар пайи тавофуқи 10 марти 2023 Эрону Арабистон дар Пекин ду тараф нисбат ба аз саргирии равобити дипломатӣ баъд аз ҳафт солу се моҳ тавофуқ карданд ва муқарар шуд, вузарои хориҷа пас аз он дидор кунанд, ки ин дидор дар 6 апрел анҷому баёнияи муштараке содир ва бар омодагӣ барои аз байн бурдани мавонеи пеш рӯй густариши ҳамкориҳо таъкид шуд. Дар пайи он ҳам тимҳои фаннии ду тараф барои баррасии раванди бозгушоии амокини дипломатӣ ба пойтахтҳо эъзом шуданд. Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умӯри хориҷаи Эрон ҳамчунин дар 3 июн дар ҳошияи нишасти БРИКС дар дидор бо Файсал бин Фарҳон, ҳамтои саудии худ аз пешрафтҳои хуби ҳосила дар равобити дуҷониба ибрози хурсандӣ карду афзуд: Хушбахтона суфарои ду кишвар таъйин ва ба таври мутақобил муаррифӣ шуданд ва замина барои гушоиши сафоратхонаҳо ва сарконсулгариҳо фароҳам аст. Вазири хориҷаи Арабистон низ гуфт: Бо ҳамкории бисёр хуби ду тараф аз мароҳили таъйини суфаро ва заминасозӣ барои гушоиши намояндагиҳои сиёсӣ ва консулӣ ба суръат убӯр кардем ва дар ҳоли ҳаракат ба самти марҳалаи ҷадиде аз равобити ду кишвар ҳастем, ки таъминкунандаи манофеи ду миллат ва кулли минтақа хоҳад буд.

Ба рағми мавзеъгирии аввалияи ба зоҳир мусбати Амрико дар заминаи одисозии равобити Эрону Арабистони Саудӣ, аммо Вашингтон дар хилоли мавзеъгириҳои мақомоти давлати Байден ҳамвора ба иттиҳомзанӣ алайҳи Теҳрон, аз ҷумла танишофаринӣ дар минтақаи Ғарби Осиё идома дода ва ба навъе дар қиболи тавофуқоти ахир, аз ҷумла эҷоди эътилофи дарёӣ байни Эрон ва кишварҳои ҳошияи ҷанубии Халиҷи Форс дар ростои ҳифзи амнияти дарёии ин паҳнаи обӣ ба мухолифат пардохтаанд. Дар ин росто Тим Ҳокинс, сухангӯи новгони панҷуми неруи дарёии Амрико дар вокуниш ба изҳороти фармондеҳи неруи дарёии артиши Эрон мабнӣ бар шаклгирии эътилофи муштараки неруи дарёии Эрон бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла Арабистон, Иморот, Қатар, Баҳрайн ва Ироқ дар ояндаи наздик, муддаӣ шуд, ки «ин иддао бо иқдомоти Эрон мутобиқат надорад.» Ин мавзеъгирӣ нишон медиҳад, ки Амрико ба рағми таблиғоти Эронҳаросона дар чанд даҳаи ахир, акнӯн худро дар мавқеъияте мутазалзил мебенад. Дар воқеъ раванди одисозии равобити Эрон ва кишварҳои арабӣ бар хилофи хостаи Вашингтон ва Тел Авив аст, ки умеди зиёде ба тадовуми раванди одисозии равобити кишварҳои арабӣ бо Исроилу эътилофсозӣ алайҳи Эрон доштанд ва акнӯн шоҳиди раванде хилофи ин ҷараён ҳастанд.

Ба назар мерасад, нигаронӣ аз густариши раванди одисозии равобити Эрону Арабистони Саудӣ ва талош барои эҳёи раванди одисозии равобити Риёзу Тел Авив яке аз далоили аслии сафари кунӯнии Энтони Блинкен, вазири хориҷаи Амрико ба ин кишвар ва дидор бо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ аст. Чанде пешинашрияи амрикоии Axios гузориш дода буд, Муҳаммад бин Салмон дархости Кохи Сафед барои одисозии равобит бо режими саҳюнистӣ то поёни соли ҷории милодиро рад кардааст. Зимни инки ин сафар дар шароите сӯрати гирифта, ки давлати Байден қасди эҷоди субот дар равобит бо Риёзро дорад. Равобити ду тараф ба далели ихтилофот дар масоили мухталиф аз мавзӯи одисозии равобит бо Эрон гирифта то қимати нафт ва исрори Риёз бар коҳиши тавлиди нафт дар чорчӯби тавофуқоти ОПЕК+ бо танишҳои мухталифе рӯбарӯ шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад