Таркиш дар корхонаи мушаксозии Туркия

Таркиш дар корхонаи истеҳсоли ракета ва бомба дар Анқараи Туркия сабаби ворид омадани хисоратҳое шудааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, субҳи имрӯз таркише дар як корхонаи тавлиди ракета ва муҳиммоти инфиҷорӣ дар минтақаи Элмадағи Анқараи Туркия рух дод.

Дар гузориши Вазорати ин кишвар омадааст: Дар корхонаи мушакӣ дар ноҳияи Элмадағи Анқара таркиш рух дод. Дар натиҷаи таркиш 5 коргари мо ба ҳалокат расиданд. Тафтишоти судӣ ва маъмурӣ оғоз шудааст.

Гуфта мешавад, ки гурӯҳи оташнишонӣ ва мошини ёрии таъҷилӣ ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд. Баъди таркиш дар корхона сӯхтор ба амал омад.

Корхона дар канори пойтахт дар ноҳияи Элмадағ дар теппае, ки аз маҳаллаҳои истиқоматӣ дур аст, ҷойгир аст.

Ин корхона ба Вазорати дифои Туркия тааллуқ дорад ва эҳтиёҷоти ракетӣ ва момбаи неруҳои мусаллаҳи Туркияро таъмин мекунад.

Қабл аз сӯхтор ва пайдо шудани дуд дар болои объект садои таркиш шунида шуд. Дар бораи сабабҳои ҳодиса то ҳол хабар дода нашудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад