Додситони кулли Эрон вориди Душанбе шуд

Додситони кулли Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳадафи дидору музокира бо мақомоти кишвар вориди Душанбе шуд.

Муҳаммад Ҷаъфари Мунтазирӣ, додситони кулли Ҷумҳурии исломии Эрон ба даъвати расмии Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар раъси як ҳайати олирутбаи қазоӣ вориди Душанбе шуд ва мавриди истиқболи мақомоти қазоии кишвар ва Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Эрон қарор гирифт.

Дар ин бора хабар додааст Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон.

Ин сафар дар посух ба сафари додситони кулли Тоҷикистон ба Эрон ва дар заминаи тавсеаи ҳамкориҳои казоӣ байни ду кишвар ва пайгирии ёддошти тафоҳум марбута анҷом шудааст.

Дидор ва музокирот бо додситони кулли Тоҷикистон ва соири мақомоти қазоӣ ва расмии кишвар аз муҳимтарин бахҳои сафари Мунтазирӣ эълон шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад