Омори кудаккушии саҳюнистҳои Исроил

Шаҳодати кудаки 2-солаи фаластинӣ боз як санади ҷиноёти сангини режими саҳюнистӣ аст, ки дар 2 даҳаи ахир ҳадди ақал 2500 кудаки бегуноҳро қурбонии сиёсатҳои нажодпарастӣ кардааст.

Парвандаи ҷиноятҳои Исроил дар миёни сукути кишварҳои ғарбии ба зоҳир ҳомии ҳуқуқи башар, ҳар рӯз сангинтар мешавад ва шаҳодати кудаки 2-солаи фаластинӣ дар рӯзҳои ахир низ дар идомаи куштори силсилавии ҳазорон кудаки бегуноҳ сурат гирифтааст.

Чанд рӯз пеш низомёни саҳюнист ба мошини хонаводаи “Муҳаммад Ҳисом Тамимӣ” кудаки 2-солаи фаластинӣ бо гулӯлаи ҷангӣ шиллик карданд, ки дар ниҳоят ин кудак аз ноҳия сар ва падараш аз ноҳия китфу даст маҷрӯҳ шуданд.

Артиши режими саҳюнистӣ дар баёнияе дар бораи ин ҳодиса муддаӣ шуд, ки низомёни саҳюнист барои посухгӯӣ ба тирандозии машкук, шиллик кардаанд ва артиши ин режим аз осеб дидани афроди бегуноҳ мутаасиф аст ва барои ҷилавгирӣ аз вуқӯи чунин ҳаводисе талош мекунад.

Ин дар ҳоле аст, ки падари Муҳаммад бо радди иддаоҳои артиши режими саҳюнистӣ, таъкид кард: мо даргирие надидем; Танҳо иттифоқе, ки афтод, шиллики онҳо ба самти мошини мо буд.

Чанд рӯз баъд аз ин воқеа ин кудаки аҳли деҳаи “Солеҳи Паёмбар” ба иллати ҷароҳати воридаи ношӣ аз тирандозии террористҳои кудаккуши режими саҳюнистӣ дар Ромуллоҳ ба шаҳодат расид.

Маросими дафни кудаки фаластинӣ

Рӯзи сешанбе пайкари кудаки 2-солаи фаластинӣ ба хок супорида шуд.

Исроил

Деҳаи ҳазрати Солеҳ, ки Муҳаммади 2-сола аҳли онҷо буд, як рустои кӯчак воқеъ дар шимоли ғарбии Ромуллоҳ аст, ки солҳо дар баробари шаҳраксозиҳои режими саҳюнистӣ муқовимат карда ва дар ҷараёни ин муқовимат шоҳиди боздошт, ҷароҳат ва шаҳодати даҳҳо нафар аз сокинони худ будааст.

Аҳолии  он мӯътақиданд, ки мавҷи дастгириҳо ва хушунатҳо, бахши аз сиёсати режими саҳюнистӣ барои шикастани иродаи мардумони ин деҳа аст ва аз ин рӯ ҳамчунон сарсахтона дар масири муқовимат ба роҳи худ идома медиҳанд.

Бо чунин вазъе ин русто муддат‎ҳост, ки ба далели баргузории тазоҳуроти мухталиф алайҳи ишғолгарони саҳюнист дар Каронаи Бохтарӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифта ва ба ҳамин далел, таҳти фишори шадиди низомёни саҳюнист қарор дорад ба тавре, ки бар асоси гузоришҳо, дасти кам 27 нафар аз сокинони русто аз соли 1967 шаҳид шудаанд. Зимни инки 400 нафар аз аҳолии русто низ аз соли 2009 маҷрӯҳ ва 400 нафари дигар боздошт шудаанд.

Аммо шаҳодати як кудаки 2-солаи аҳли ин деҳа тавассути низомиёни саҳюнистӣ боис шуд, ки мардуми кишварҳои дигар ҳам аз ин режими худсохта эълони безорӣ кунанд.

Дар ҳамин замина “Носир Канъонӣ”, сухангӯи Вазорати умури Хориҷаи Ҷ. И. Эрон дар Твиттер навишт: “Муҳаммад Тамим” кудаки 2-сола, 28-умин тифли маъсуми фаластинӣ аст, ки дар соли ҷории мелодӣ ба дасти режими кудаккуши Исроил ба шаҳодат расид. Нақши ҳимояти ҳомиёни режим дар истимрори ин ҷиноёти рӯзмара, аз манзари ҳуқуқӣ ва байналмиллалӣ масъулиятовар аст.

Кудаккушии саҳюнистҳо бар асоси омор

Бар асоси гузориши хабаргузории Фаронса аз оғози соли мелодӣ, ҳадди ақал 156 фаластинӣ ба дасти исроилиҳо шаҳид шудаанд, аммо бо таваҷҷӯҳ ба шаҳодати кудаки 2-сола, ин пурсиш ба зеҳн мерасад, ки дар ҳақиқат дар солҳои ахир чанд кудаки фаластинӣ қурбонии нажодпарастӣ ва ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ шудаанд?

Исроил

Бар асоси оморҳои теъдоди кудакони ба шаҳодат расида дар ду даҳаи ахир, ҳақиқати ин ҷиноятҳо ошкор мешавад. Бар пояи гузоришҳои интишорёфта, теъдоди кудакони шаҳид дар Фаластин аз сол 2000 то поён соли 2021 ба 2230 нафар мерасад, ки 315 нафари онҳо дар ҷараёни таҷовузоти Исроил ба Навори Ғазза дар соли 2009 ба шаҳодат расиданд. 546 кӯдак низ дар ҷараёни таҷовузгарии соли 2014 мелодии режими саҳюнистӣ ҷони худро аз даст доданд.

Дар ҳамалоти 11 рӯзаи неруҳои ишғолгар ба Навори Ғазза дар моҳи майи соли 2021, кудакони фаластинӣ дар садри аҳдофи режими саҳюнистӣ қарор доштанд ва ҳавопаймоҳои ҷанганда бо бомбаборони ваҳшёна хонаҳои Фаластинён, ҷони садҳо танро гирифтанд. Гуфта мешавад, ки аз 232 фаластинии қурбонии ҳамалоти моҳи май, теъдоди 65 нафар кӯдак буданд.

Албатта куштори ваҳшёнаи кудакони фаластинӣ чизе нест, ки аз нигоҳи ҷаҳониён ва созмонҳои байналмиллалӣ ҳамчун Созмони Миллал дур монда бошад, аммо интиқодоти бештар самти вокуниши онҳо аст, ки бо сиёсатзадагӣ ҳамроҳ шудааст.

“Антонио Гутерриш”, Дабири кулли Созмони Миллал порсол дар як гузориши солона бо мавзӯи “кудакон ва даргириҳои мусаллаҳона” ба кӯдаккушии режими саҳюнистӣ пардохт ва дар бахше аз ин гузориши солиёнаи 45 саҳфаии худ овард: Исроил масъули куштори 78 кудаки фаластинӣ ва маълулияти 982 кудаки дигар дар арозии ишғолии Фаластин дар сол 2021 ҳаст.

Бино ба гузориши Дабири кулли Созмони Миллал, 85 кудаки фаластинӣ замони боздошт тавассути артиши исроилӣ мавриди бадрафторӣ қарор гирифтанд ва 75 дарсад гузориш карданд, ки хушунати физикиро таҷриба кардаанд.

Исроил

Тибқи гузориши Гутерриш, дар маҷмӯъ 1128 кудак шомили 1121 фаластинӣ, 7 исроилӣ маълул шуданд, ки аз ин теъдод 661 кӯдак дар Ғазза, 464 кӯдак дар Каронаи Бохтарӣ аз ҷумла Қудси шарқӣ ва се кӯдак дар Исроил маълул шуданд.

Таҳқиқҳои Созмони Миллал нишон медиҳад, ки бештарин шаҳодати кудакони фаластинӣ ба солҳои 2008, 2014 ва 2021 марбут аст. Дар ҷараёни ҳамлаи низомии 22 рӯзаи режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза дар авохири соли 2008 теъдоди 315 кӯдак ба шаҳодат расиданд, зимни инки режими саҳюнистӣ дар ҷараёни таҷовузи соли 2014 ба Навори Ғазза низ 546 кудаки фаластиниро ба шаҳодат расонд. Бар асари таҷовузи 11 рӯзаи режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза дар соли 2021 ҳам 72 кудаки фаластинӣ ба шаҳодат расиданд.

Сухани поёнӣ

Шаҳодати беш аз 2500 кудаки фаластинӣ тайи 22 соли гузашта ҳадафи аввали режими саҳюнистӣ ҳадафи дуюм он нотавон ва ақиб нигаҳдоштани ин кудакон бо тахриби мактабҳои онҳо мебошад.

Хароб кардани мактабҳо дар шаҳри Байтуллаҳм бо 66 донишомӯз ба баҳонаи муҷаввиз, ки ҳамин чанд ҳафта пеш анҷом гирифт дар ин росто қобили таҳлил аст. Ҷиноятҳо аз ин маврид, ки дар чорчуби ҷиноёти мукаррари режими ишғолгар дар бахши таълим ва ҳадаф қарор додани кудакон, донишомӯзон, муаллимон ва муассисоти таълимӣ бидуни таваҷҷӯҳ ба конвенсияҳо ва қонунҳои байналмилалӣ сурат мегирад.

Дар ҳар ду ҳолат куштори кудакон ё тазъиф ва нотавонсозии онон, давлатҳои ғарбии муддаии ҳуқуқи башар чашмони худро бар рӯи ин ҷиноёт бастаанд ва ба гунае амал мекунанд, ки гӯё ҳеҷ ҳуқуқе нақз нашудааст.

Онҳо солҳост бо иддаои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва ҳаққи зиндагӣ дар масоили дохилии кишварҳое, ки бо сиёсатҳои ғарб ҳамроҳ ва ҳамсу набошанд, дахолат мекунанд, аммо дар иртибот бо куштор ва ҷинояти режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ ҳамвора мавзеи ҳимоятгарона аз ин режим дошта ё ҳадди ақал дар ин замина сукут ихтиёр кардаанд.

Интиқоди ҷиддӣ самти Созмони Миллал ва созмонҳои тобеи он аз ҷумла Шӯрои ҳуқуқи башар аст, ки фалсафаи вуҷуди шаклгирии онҳо ҳимоят аз ҳуқуқи башар ва муқобила бо терроризм ва куштори мардум аст. Бархурди хушунатбор ва низомии неруҳои Исроил бо кудакони фаластинӣ мухолиф бо қонунҳои байналмилалӣ ба вижа моддаи 16 конвенсияи ҳуқуқи кудакон талаққӣ мешавад, ки бар асоси ин модда, рафтори хушунатомез бо кудакон мамнуъ эълон шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад