Имзои 15 санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Қатар + акс

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар чаҳорчуби сафари расмии “Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ” амири Қатар ба Тоҷикистон 15 санади ҷадиди ҳамкорӣ дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, кишоварзӣ, муҳити зист, гардишгарӣ ва ҳуқуқӣ ба имзо расид.

Пас аз маросими истиқболи расмӣ ва дидори хусусии сарони Тоҷикистон ваҚақтар, музокироти ҳайатҳои расмии ду кишвар баргузор шуд, ки тайи он тайфи васее аз мавзӯъоти ҳамкорӣ дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, санъатӣ, истихроҷи маодин, сармоягузорӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона мавриди баҳс ва табодули назар қарор гирифт.

Раҳмон ва Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, сатҳи кунунии равобити дуҷонибаро мусбат арзёбӣ ва бар густариши ҳамкориҳо дар арсаҳои мухталиф ба шумули таомулоти парлумонӣ таъкид карданд.

Ҳамчунин нисбат ба эҷоди ширкатҳои муштарак, роҳандозии хатти парвози мустақим, ва созмондеҳии намоишгоҳҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ дар кишварҳои якдигар изҳор алоқамандӣ карданд.

Сарони ду кишвар ҳамчунин дар хусуси масоили муҳимми минтақаӣ ва байналмилалӣ ва ҳамчунин густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчуби Созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ табодули назар карданд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз кумаки Қатар барои эҳдоси масҷиди ҷомеи ҷадиди шаҳри “Душанбе” ва ҳимояти ин кишвар аз иқдомоти “Душанбе” дар арсаи байналмилалӣ ва аз ҷумла эълони соли 2025 ба унвони «соли байналмилалии ҳифзи яхчолҳои табиӣ» қадрдонӣ кард.

Дар поёни ин музокирот маросими имзои 15 санади ҷадиди ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Қатар дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, кишоварзӣ, амниятӣ, муҳити зист, низомӣ, гардишгарӣ, варзишӣ ва ҳуқуқӣ ва ҳамчунин барқарории муносиботи бародархондагӣ байнишаҳрҳои “Душанбе” ва “Доҳа” баргузор шуд.

Баъд аз зӯҳри рӯзи панҷшанбе раиси кишвар ва амири Қатар дар маросими ифтитоҳи масҷиди ҷомеъи ҷадиди шаҳри Душанбе, ки яке аз бузургтарин масоҷид дар минтақа ба шумор меравад, ширкат карданд. Тасмим гирифта шуд, ки ин масҷид ба номии “Абу Ҳанифа Нӯъмон ибни Собит” гузошта шавад.

Зимни ин сафар, “Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ” бо соири мқмоти олии кишвар низ дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад