Ҳунарпешаи собиқадори ҳинд: Исломофобия мӯд шудааст

Насириддин Шоҳ, Ҳунарпешаи собиқадори синамои ҳинд мегӯяд, исломофобия (исломҳаросӣ) ва нафрат аз мусулмонон дар ҷомеаи Ҳиндустон ба мӯд табдил шуда ва ин раванд нигаронкунанда мебошад.

Ин ҳунарпешаи собиқадори ҳиндӣ ахиран дар гуфтугӯ бо Indian Express гуфт: мафҳуми филмҳои дар ҳоли намоиш бозтоби чизе аст, ки дар ҳақиқат иттифоқ афтода ва он исломҳаросии бешармона аст.

Насриддин Шоҳ илова кард, нафрат аз мусулмонон ин рӯзҳо мӯд шудааст, ҳатто дар миёни афроди таҳсил карда. Ин масъалаест, ки ҳизби ҳоким бисёр ҳушмандона ба он доман задааст.

Вай бо интиқод аз истифода аз таассуботи динӣ (ҳиндуҳо) барои расидан ба қудрат гуфт: мо дар мавриди секолар будани демокрасӣ суҳбат мекунем, пас чаро динро вориди ҳама чиз мекунед? Комиссияи интихобот дар мавриди сиёсатмадороне, ки аз дин (ҳинду) барои ба даст овардани раъй истифода мекунанд, тамошогарии хомуш аст. Ин дар ҳоле аст, ки агар як раҳбари мусалмон бо гуфтани “Аллоҳу Акбар” дархости раъй мекард, интиқодҳои бисёр алайҳи ӯ вайронкунанда буд.

Ин ҳунарпешаи машҳури синамои ҳинд дар ин мусоҳиба ибрози умедворӣ кард, ки таассуботи ҳиндуҳо ва тафриқаафканӣ ба зудӣ аз байн биравад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад