Сохти ду дидбонгоҳи нави сарҳадӣ дар ноҳияи Шаҳритус

Ба далели нигарониҳои амниятӣ ду дидбонгоҳи нави сарҳадӣ дар марз бо Афғонистон сохта шудааст.

Ба гузориши дафтари раёсатҷумуҳрии кишвар ду дидбонгоҳи нави сарҳадӣ дар Шаҳритуси вилояти Хатлон ва дар наздикии марзи Афғонистон сохта шудааст.

Тибқи ин гузориш, ин ду дидбонгоҳи сарҳадӣ тавассути Эмомалӣ Раҳмон 28-уми май (рӯзи гузашта) ба муносибати 29-умин соли таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ифтитоҳ кард.

Бар асоси гузоришҳо ин ду дидбонгоҳи сарҳадии нав бо таҷҳизоти муосири низомӣ муҷаҳҳаз ҳастанд.

Ибрози нигаронӣ аз таҳдидҳои бархоста аз хоки Афғонистон мавзеи муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад, аммо ин иддаоҳо аз суи Толибон рад карда мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад