Ҷинояти саҳюнистҳо алайҳи Фаластин зери сояи инфиоли ҷомеаи араб

Даври ҷадиди хушунати саҳюнистҳо алайҳи фаластиниҳо ба ҳамроҳи нажодпарастии вазири амнияти дохилии ин режим, сабаби ҳушдори гуруҳҳои муқовимат ва эҳтимоли шаклгирии ҷанге ҷадид шуд.

Режими саҳюнистӣ, дар як моҳи ахир хушунат алайҳи фаластиниҳоро афзоиш дод. Ин режим дар моҳи май ҷанге 5 рӯза бар Борикаи Ғазза таҳмил кард. Дар рӯзи некбат (14 май) ва рӯзи парчам (18 май) низ хушунати зиёде алайҳи фаластиниҳо эъмол кард. Ин хушунат ҳануз ҳам идома дорад. Низомиёни саҳюнист бомдоди имрӯз (душанбе) бо юриш ба як урдӯгоҳ дар шарқи Наблус воқеъ дар Каронаи Бохтарӣ се ҷавони фаластиниро ба шаҳодат расонда ва шаш тани дигарро маҷрӯҳ карданд. Субҳи рӯзи гузашта (якшанбе) ҳам даҳҳо шаҳракнишин саҳюнист ба саркардагии Итамар Бен-Гвир, вазири амнияти дохилии режими Исроил таҳти ҳимояти шадиди полиси ин режими ишғолгар ба Масҷидулақсо юриш бурданд.

Илова бар ин иқдомот, кабинаи режими саҳюнистӣ рӯзи гузаштаи нишасте вижаро дар тунелҳои майдони Албароқ дар маҳаллаи қадимии Қудси ишғолӣ баргузор кард то тарҳи ҷадидеро дар ҷараёни ин ҷаласа тасвиб кунад. Рӯзномаи саҳюнистӣ «Исроилҳом» эълон кард, тибқи ин тарҳ, Тел Авив 95 миллион шакл (муодил бо 26 миллион доллар)-ро барои ҷазб ва искон шаҳракнишинони ҷавон дар Қудси ишғолӣ ихтисос хоҳад дод. Дар ин тарҳ, ки бо ҳамкории шаҳрдории Қудси ишғолӣ ва бо ҳимояти созмонҳои саҳюнистӣ танзим шудааст, режими саҳюнистӣ шаҳракнишинони муттааҳил ва муҷарради 18 то 35 солро тарғиб хоҳад кард, ки дар Қудси ишғолӣ сокин шаванд.

Ин рафтори хашин ва бе муҳобои режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниҳо беш аз ҳама ношӣ аз ду фактор аст.

Фактори нахуст, нажодпараст ва ифротӣ будани кабинаи кунӯнӣ ба раёсати Бинямин Натаняҳу аст. Афроде назири Итамар Бен-Гвир, вазири амнияти дохилӣ ошкоро дидгоҳе зиддифаластинӣ ва зидди аъроб доранд ва бар ин бовар ҳастанд, ки фаластиниҳоро бояд аз Қудс ва Каронаи Бохтарӣ ихроҷ кунанд. Кабинаи Натаняҳу низ бетаваҷҷуҳ ба ҳушдорҳои фаластиниҳо ва бархе мақомоту шахсиятҳои саҳюнист, дар садади иҷроӣ кардани дидгоҳи Итамар Бен-Гвир алайҳи фаластиниҳо аст.

Фактори дувум низ марбӯт ба инфиоли ҷомеаи араб аст. Воқеият ин аст, ки аз кишварҳои ғарбӣ интизор намеравад дар муқобили ҷинояти режими саҳюнистӣ иқдоме анҷом диҳанд, чаро ки ин кишварҳо ҳомии режим ҳастанд, аммо дастикам ҳувияти арабии Фаластин эҷоб мекунад, ки кишварҳои арабӣ иқдоме барои ҳимоят аз Фаластин анҷом диҳанд. Ин дар ҳоле аст, ки кишварҳои арабӣ ҳеҷ иқдоми амалӣ дар қиболи ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниҳо анҷом намедиҳанд ва ба нишастҳо ва баёнияҳои намоишӣ ва бидуни замонати иҷро иктифо карданд. Ҳамин мавзе низ сабаби ҷасорату ҷуръати бештари режими саҳюнистӣ барои тадовум бахшидан ва шиддат додан ба ҷиноят алайҳи фаластиниҳо шудааст. Дар ҳамин росто, Муҳаммад Абу Муҷоҳид, сухангӯи кумитаҳои муқовимати Фаластин бо интиқод аз мавзеи кишварҳои арабӣ гуфт: «шоҳиди сукути маргборе аз сӯи кишварҳои арабӣ дар қиболи ҷиноятҳое, ки дар ҳаққи Қудс ва Масҷидулақсо мешавад, ҳастем.»

Бо вуҷӯди ин, ҷиноятҳои режими ишғолгар аз сӯи фаластиниҳо бепосух намондааст. Рӯзи гузашта дар як амалиёти муқовиматӣ, яке аз низомиёни саҳюнист дар ҷануби Наблус бо худрав зер гирфта ва захмӣ шуд. Ҷумбиши Ҳамос ва Ҷиҳоди исломии Фаластин низ ба режими саҳюнистӣ дар бораи табаоти тадовуми хушунат ҳушдор додаанд. Ҷумбиши Ҳамос таъкид кард, амалиёти зергирии рӯзи гузашта (якшанбе), ки ба захмӣ шудани як низомии саҳюнист мунҷар шуд, аввалин посух ба ҷиноёти душмани саҳюнистӣ алайҳи миллату муқаддасоти Фаластин буд. Бо таваҷҷӯҳ ба идомаи хушунати режими саҳюнистӣ ва ҳушдори гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ, дур аз интизор нест, ки бори дигар ҷанге ҷадид миёни саҳюнистҳо ва фаластиниҳо рух диҳад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад