Расонаҳои саҳюнистӣ пас аз мулоқоти сарони Сурия ва Арабистон: Асад пирӯз шуд! (видео)

 Расонаҳои саҳюнист бо бознашри тасовири ҳузури раисҷумҳури Сурия дар нишасти Ҷидда, навиштанд: “Сурия ва раҳбари беҳарифаш пирӯз шуданд; ин Иттиҳоди Араб буд, ки ба сӯи Димишқ бозгашт.

Расонаҳои саҳюнист шаби гузашта (ҷумъа, 19-уми май) бо бознашри густардаи тасовири марбут ба даст додани Башор Асад, раисҷмҳури Сурия ва Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ дар нишасти Ҷидда, навиштанд: “ин пирӯзии Асад ва Сурия буд.”

Тибқи гузориши пойгоҳи интернитии шабакаи ал-маёдин, расонаҳои вобаста ба режими саҳюнистӣ дар гузоришҳои худ таъкид карданд, ки “ин дурусттар хоҳад буд, ки бигӯем Иттиҳоди Араб ба Сурия бозгаштааст, на баъракс.”

Дар гузориши расонаҳои ибрӣ омадааст: “бояд таъйид кунем, ки ончи дар ҳоли рух додан аст “пирӯзии бузург барои Сурия ва раҳбари беҳарифи он” аст; ҳоло “танҳо чизе, ки боқӣ мемонад, бозгардондани равобит бо Туркия ба вазъияти қаблӣ аст.”

Рӯъи Қойс, таҳлилгари масоили арабӣ дар шабакаи исроилии “Кон” низ дар навбати худ тасвире аз Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Саудӣ ҳангоми даст додан бо раисҷумҳури Сурия ва дар оғӯш гирифтани вай қабл аз иҷлоси сарони Сраб дар Ҷиддаро мунташир карда ва навишт: “тасвири пирӯзии Асад.”

Алдод Бек, рӯзноманигори исроилӣ низ ба ин рӯйдод вокуниш нишон дода ва навишт: “бо бозгашти Сурия ба Иттиҳоди Араб, баҳори арабӣ расман поён ёфта ва ҷаҳони Араб, тибқи риволи маъмул дубора мавзӯъи Фаластинро дар раъси нигарониҳои худ қарор додааст.”

Маҷаллаи Амрикоии “Ниюз век” ҳам, бозгашти Димишқ ба ҷамъи кишварҳои арабиро бузургтарин шикасти Вашингтон дар набарди Сурия тавсиф карда ва навишт: “паёми муҳими ин бозгашт, лузуми поён додан ба ҳузури низомӣ ва лағви таҳримҳои Амрико алайҳи Сурия аст.”

Рӯзи гузашта, фаъолиятҳои 32-юмин нишасти сарони кишварҳои арабӣ ба мизбонии Арабистони Саудӣ ва дар шаҳр Ҷидда ва бо ҳузури Димишқ баъд аз 12сол оғоз шуд. Ибни Салмон, валиаҳди Саудӣ пеш аз оғози нишаст, расман ва ба гармӣ аз раисҷумҳури Сурия истиқбол кард.”

Башор Асад дар ҷараёни суханронии худ дар нишасти Ҷидда гуфт: “мо дар муқобили фурсати таърихӣ барои танзими муҷаддади созукорҳои байти арабӣ бо камтарин ҳад аз дахолати хориҷӣ ҳастем. Оштиҳое, ки сурат гирифт, фурсати таърихӣ барои расидагии муҷаддад ба умури худамон бидуни дахолати хориҷӣ аст. Дунё бояд масоили дохилиро ба мардуми худамон бисупорд; мо ҳаргуна дахолати хориҷиро рад мекунем.”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад