Хушҳолии Риёз аз ҳузури Сурия дар “Иттиҳодияи Араб”

Ҳузури "Башор Асад", раиси ҷумҳури Сурия дар нишасти солонаи сарони кишварҳои арабӣ ба меҳвари муҳимми гузоришоти расонаҳо аз нишасти Ҷидда табдил шуда ва Арабистони Саудӣ низ аз бозгашти "Димишқ " ба оғӯши арабӣ хушҳол ба назар мерасад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Башор Асад”, раиси ҷумҳури Сурия пас аз 13 сол ғайбат, имрӯз (ҷумъа, 19 май) дар нишасти сарони кишварҳои арабӣ дар Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ширкат мекунад; Ширкати ӯ, ки ба навъе нишон аз бозгашти Димишқ ба оғӯши арабӣ дорад, дар маркази таваҷҷӯҳи расонаҳо барои пӯшиши ин нишаст қарор гирифтааст.

Риёз, хушҳол аз қабули даъвати Башор Асад

Бар асоси гузориши пойгоҳи интернитии шабакаи “Ал-Маёдин”, вазорати умури хориҷаи Арабистон шаби гузашта бо интишори твите аз сафари раиси ҷумҳури Сурия ба ин кишвар истиқбол карда ва навишт: ҷаноби оқои Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ба нишасти Ҷидда хуш омадед.

نشست جده؛ بشار اسد در کانون توجه

Расонаҳои Саудӣ ва минтақавӣ шаб гузашта, панҷшанбе хабар доданд, ки ҳавопаймои ҳомили раиси ҷумҳури Сурия дар фурудгоҳи байналмилалии “Ал-Малик Абдулазиз” дар шаҳри Ҷидда ба замин нишастааст. Ӯ барои ширкат дар нишасти солонаи сарони Иттиҳодияи Араб ва ба даъвати “Салмон ибни Абдулазиз” шоҳи Саудӣ ба Ҷидда сафар кард.

Раиси ҷумҳури Сурия барои ширкат дар 33- вумин нишасти сарони Иттиҳодияи кишварҳои арабӣ аз сӯи Салмон ибни Абдулазиз, подшоҳи Саудӣ даъватномаи расмӣ дарёфт карда буд. Вузарои хориҷаи кишварҳои арабӣ дар ҳафтуми моҳи май тайи як нишасти машваратӣ эълом кард, ки бо бозгардондани курсии Сурия дар Иттиҳодияи Араб мувофиқат шудааст ва бинобар ин Димишқ ба нишастҳои арабӣ бозмегардад.

Шаби гузашта ва ҳамзмон барои вуруди Башор Асад ба Ҷидда, хабаргузории расмии давлати Арабистон “ВАСС” дар пойгоҳи интернитӣ ва ҳисобҳои корбариаш дар фазои маҷозӣ, тасовир ва ахбори марбут ба ширкати раиси ҷумҳури Сурия дар нишасти Ҷиддаро бозншр дод.

Доҳа; Мухолифате, ки таъсиргузор воқеъ нашуд

Бар асоси гузориши рӯзи гузаштаи “Рейтер”, истиқболи аъзои Иттиҳодияи Араб аз бозгашти раиси ҷумҳури Сурия нишондиҳандаи шикасти талошҳои Қатр барои табдил шудан ба як садои дипломатики муҳим дар Ховари Миёна аст, ки токунун мухолифати бозгашти Димишқ ба ҷамъи кишварҳои арабӣ аст.

Қатр шаби гузашта дубора мухолифати худро бо ҳузури Асад эълом кард. Мақомоти Доҳа пештар ҳам тасреҳ карда буданд, ки равобити худ бо давлати Димишқро оддӣ намекунад; Аммо бозгашти Димишқ ва ҳузури Асад дар аввалин нишасти сарони арабӣ баъд аз тасмими Иттиҳодия, нишон дод, ки мавозеъи Қатр, монее дар баробари иҷмоъ ва иқдоми Иттиҳодияи Араб нахоҳанд буд.

Вузарои хориҷаи узви Иттиҳодияи Араб, ҳафтуми моҳи май, дар нишасти фавқалодда ва бо ҳузури вазири хориҷаи Қатр, тасмими худ барои рафъи таълиқи узвияти Димишқ дар ин ниҳоди минтақавӣ ё ба иборате бозгашти Сурия ба иттиҳодияро эълом карданд. Баъд аз он расонаҳои ҷаҳон ба нақл аз мақомоти дипломатики кишварҳои арабӣ дар гумоназаниҳое, гузориш медоданд, ки Башор Асад, дар нахустин нишасти сарони кишварҳои арабӣ, баъд аз ин тасмим ширкат хоҳад кард.

Пойгоҳи интернитии рӯзномаи “Аш-Шарқул-Авсат”, рӯзи чаҳоршанбе (17 май) дар гузорише навишта буд: “Эман Сусан”, дастёри вазири умури хориҷаи Сурия дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо “Аш-Шарқул-Авсат”, хабар дод, ки “Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия дар Ҷидда ҳузур хоҳад дошт» ; Бинобар ин раиси ҷумҳури Сурия дар нишасти Ҷидда, ки пасфардо ҷумъа баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Хабаргузори расмии Сурия “САНА”, рӯзи баъд (панҷшанбе, 18 май) зимни таъйиди ин хабар ба нақл аз манобее дар кохи риёсати ҷумҳурии Сурия навишт: Башор Асад, имрӯз бо ҳадафи ширкат дар 33 – вумин нишасти сарони Иттиҳодияи Араб, ки қарор аст, фардо (ҷумъа) дар Ҷидда баргузор шавад, озими Арабистони Саудӣ мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад