Мутолибаи ҷиддии ҶИЭ аз Афғонистон барои таъмини ҳаққобаи рӯди Ҳирманд

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон эълон кард, раҳосозии оби Ҳирманд аз сӯи Афғонистон ва таъмини ҳаққобаи Эрон ба сӯрати амалӣ, мутолибаи ҷиддии Ҷумҳурии исломӣ аст.

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо Амирхон Муттақӣ, вазири умӯри хориҷаи ҳукӯмати Толибони Афғонистон, пайбандии ҳайати ҳокимаи Афғонистон бар ҳаққобаи Эронро мусбати арзёбӣ ва дар ин ҳол тасреҳ кард, тарафи афғонистонӣ иҳтимоми лозимро дар раҳосозӣ ва расондани об ба устони Систон ва Балӯчистон, ҷануби шарқи Эрон дошта бошад, зеро ин муҳим дар муносиботи фимобайн таъсир дорад.

Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти давлати Толибони Афғонистон дар сутӯҳи мухталиф дар ҳафтаҳои ахир бар ҳаққобаи Эрон бар асоси қарор дод соли 1351 таъкид кардаанд, аммо дар амал Толибон ҳеҷ иқдомеро барои амалӣ кардани ваъдаҳояш анҷом надодааст.

Алии Хазоӣ, коршиноси масоили сиёсӣ дар ин бора мегуяд, Толибон дар муқоиса бо давлати қаблии Афғонистон мавзеи мусбатеро дар қиболи ҳаққобаи Эрон аз рӯдхонаи Ҳирманд иттихоз карда, ки баёнгари таваҷҷуҳ ба ҳусни ҳамҷаворӣ буда, аммо токунӯн иқдоме дар ҷиҳати амалиётӣ кардани ин ваъдаҳои худ анҷом надода, ки мӯҷиби лабрез шудани сабри Ҷумҳурии исломии Эрон шудааст.

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба мушкилоти фаровоне, ки таъмин нашудани ҳаққобаи Эрон ва хушксолии ношӣ аз он бар мардуми Систон ва Балӯчистон таҳмил кардааст, ба талоши душманон барои тахриби муносиботи Эрону Афғонистон ишора ва таъкид кард, танишҳои марзӣ омиле манфӣ дар равобити Теҳрон – Кобул буда ва масъулияти ҳайати ҳокимаи Афғонистон бар такрор нашудани ин танишҳо аст.

Агарчӣ ахиран бархе ахбор аз даргирии марзии Афғонистону Ҷумҳурии исломии Эрон ҳикоят дорад, аммо ин гӯна талошҳо дар ҷиҳати эҷоди сардӣ ва таниш дар равобити Теҳрону Кобул аз сӯи душманони ду тараф маҳсӯб мешавад. Илова бар ин бархе аз мақомоти Толибон ахиран боз шудани об ба самти Эронро ба боришҳо мавкул карданд, ки ба назар мерасад суханони инҳирофӣ дар ин хусӯс талаққӣ мешавад, зеро ислоҳи роҳҳои обии инҳирофӣ аз рӯдхонаи Ҳирманд, ки обро ба самти шӯразор сӯқ медиҳад, метавонад ба андозаи кофӣ обро ба самти Эрон ҳидоят кунад.

Муҳсини Рӯисифат, коршиноси масоили Афғонистон дар ин бора мегуяд: “Дар давлати қаблии Афғонистон талошҳои муғризонае сӯрат гирифт то Эронро аз ҳаққобаи рӯдхонаи Ҳирманд маҳрӯм кунанд, ки аз ҷумлаи онҳо эҷоди роҳҳои обии инҳирофӣ ба самти шӯразор ва эҷоди садҳои бузург, аз ҷумла Камолхон боис шуд то амалан Эрон аз ҳаққобаи худ маҳрӯм шавад. Акнӯн Толибон метавонад бо ислоҳи ин оброҳҳо ҳаққобаи Эронро таъмин кунад.”

Дар ҳар ҳол, агарчӣ вазири умӯри хориҷаи ҳукӯмати Толибон Афғонистон бо ишора ба мушкилоти ин кишвар, аз ҷумла хушксолӣ ва масоили фаннӣ бори дигар бар ҳаққобаи Эрон мутобиқи муоҳидаи Ҳирманд таъкид ва бар талоши тарафи афғонистонӣ барои рафъи мушкили об ва низ мавзуоти марзӣ тасреҳ кард, аммо аз дидгоҳи Ҷумҳурии исломии Эрон чунин талақиёте сирфан итилофи вақт аст ва Толибон бояд бо иҷроӣ кардани ҳаққобаи Эрон дар амал нишон диҳад, ки дар ин хусӯс ҳеҷ мулоҳизаи кишвари хориҷиро надорад.

Бар асоси муоҳидаи Ҳирманд, ки дар соли 1972 ба имзои мақомоти вақти Эрон ва Афғонистон расид, саҳми Эрон аз оби рӯдхонаи Ҳирманд муодили 820 миллион метри мукааб дар сол ва дар ҳудӯди 26 метри мукааб дар сония аст, ки албатта дар моҳҳо ва фаслҳои мухталиф тафовут мекунад. Акнӯн давлату миллати Эрон интизор доранд то дар чорчӯби ҳамкориҳои дуҷониба Толибон низ бар тааҳҳуду ваъдаи худ дар ин хусӯс пойбанд бошад ва беш аз ин худро тарафе ғайри масъӯл дар баробари ҳамсояи худ нишон надиҳад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад