Коҳиши карзи хориҷии Тоҷикистон

Ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон дар охири семоҳаи аввали соли 2023 3 млрд 211,7 млн долларро ташкил дод, хабар медиҳад Вазорати молияи ҶТ.

Ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон дар охири семоҳаи аввали соли 2023 3 млрд 211,7 млн долларро ташкил дод, хабар медиҳад Вазорати молияи ҶТ.

Ин нишондиҳанда 16,6 млн доллар камтар дар муқоиса бо аввали соли ҷорӣ гуфта мешавад.

Тибқи додаҳои Вазорати молия, дар ҳаҷми умумии қарзи беруна 3 млрд 71 млн доллараш ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хидматрасониҳои ҳукуматро таъмин мекунад.

Ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлатӣ ба аввали семоҳаи дуюм 140,5 млн долларро ташкил медиҳад.

Боқимонда 3,8 млн доллар – қарзҳои Бонки миллии Тоҷикистон ба Хазинаи байнулмилалии асъор (1,9 млн доллар) ва Бонки исломии рушд ( 1,9 млн доллар) мебошанд.

То 1 январи соли ҷорӣ қарзи хориҷии ҷумҳурӣ 3 млрд 288,3 млн долларро ташкил дода буд, ки ба 28,5%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баробар аст.

Тайи соли ахир тибқи маълумоти Вазорати молия, ҳаҷми қарзи хориҷӣ 15,4 млн доллар кам шуда, рушди воқеии ММД 8%-ро ташкил дод.

Ҳаҷми номиналии ММД дар соли 2022 ба андозаи 16 млрд сомонӣ (1,5 млрд доллар) зиёд шуд.

Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон Бонки содиротиву воридотии Чин аст, ки ҳаҷми қарзи ҷумҳурӣ аз он зиёда аз 1 млрд долларро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Хазинаи байнулмилалии асъор, Бонки исломии рушд қарзҳои нисбатан зиёд дорад.

Дар сохтори қарз евробондҳо (500 млн доллар) низ мавҷуданд, ки соли 2017 барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” ҷалб шуда буданд.

Мувофиқи қонун дар бораи Буҷети давлатӣ, соли 2023 барои пардохти қарзи беруна равона кардани беш аз 2 млрд 347 млн сомонӣ (230 млн доллар) ба нақша гирифта шудааст.

Моҳи феврали соли гузашта Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор пас аз баргузории баҳогузориҳои дахлдори муштарак ҷумҳуриро аз хавфи буҳрони қарзӣ огоҳ намуда буданд.

Хавфи буҳрони қарзиро коршиносони ин ниҳодҳо ба омилҳое чун касри доимии буҷети кишвар, истифодаи зиёди қарзҳои беимтиёз, аз ҷумла ҷалби 500 млн доллар аз ҳисоби облигатсияҳои давлатӣ (евробондҳо) дар бозорҳои байнулмилалии молиявӣ бо меъёри 7,12% дар соли 2017 рабт дода буданд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон гуфт, қарзи хориҷии Тоҷикистон дар авоили соли ҷорӣ 3,2 миллиард долларро ташкил додааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин рақам 28,5 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣро ташкил дод.

Барои адои қарзи хориҷӣ 254,6 миллион доллар ҷудо шуда, 72 миллион доллари ин маблағ ба фоизҳо равона шудааст.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ 19 созишнома ба маблағи 664,9 миллион доллар ба имзо расид, ки 612,3 миллион доллари онҳоро маблағҳои грантӣ ташкил медиҳанд.

Маблағи созишномаҳои қарзӣ 25,7 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки 3,9% маблағи умумии онро ташкил медиҳад. Саҳми ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин созишномаҳо 4,1 фоиз ё 26,9 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин дар хабарҳо омада буд:

Ба гузориши сомонаи “Тоҷикистон Таймс”, Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши ахири худ ба унвони “мусоидат барои рушди Тоҷикистон” эълом кардааст, ки 54 дарсад аз кулли қарзи хориҷии Тоҷикистон мутааллиқ ба Бонки содироту воридоти кишвари Чин аст.

Бар асоси барномаи Вазорати молияи Тоҷикистон, дар се соли оянда қарзи хориҷии ин кишвар ба 3 миллиарду 441 миллион доллар хоҳад расид, ки 714 миллион доллар бештар аз бидеҳии феълӣ аст.

Ин дар ҳоле аст, ки бидеҳии хориҷии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи гузашта ба 2 миллиарду 900 миллион доллар расидааст ва то охири имсол аз 3 миллиарду 100 миллион доллар фаротар хоҳад рафт. Дар ҳоле, ки бар асоси омори Бонки Ҷаҳонӣ мизони қарзи хориҷии Тоҷикистон акнун ба 50 дарсад аз маҷмӯи маҳсулоти тавлиди нохолиси миллии ин кишвар расидааст.

Вазорати молияи Тоҷикистон ин шохисро 38 дарсад эълом мекунад ва мегуяд, барои бозпардохти бидеҳии хориҷии ин кишвар тайи соли ҷорӣ 125 миллион доллар ҳазина хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки дар соли 2020 мизони вомҳои дарёфтии Тоҷикистон 4 миллиарду 500 миллион сомонӣ хоҳад буд, ки дар муқоиса бо имсол 274 миллион сомонӣ (муодили 29 миллион доллар) бештар аст. Дар соли 2021 низ рақами вомҳои дарёфтии Ҳукумати Тоҷикистон ба 5 миллиарду 400 миллион сомонӣ ва дар соли 2022 ба беш аз 6 миллиарду 100 миллион сомонӣ хоҳад расид, ки ба маънии афзоиши 714 миллиондолларии қарзи хориҷии ин кишвар хоҳад буд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад