Русия ба тавсеаи равобит бо Эрон идома медиҳад

Сухангӯи Кремл гуфт, бархилофи фишорҳо ва иқдомоти ғайридӯстонаи Амрико ва Ғарб алайҳи Русия, Маскав ба тавсеаи равобит бо Эрон идома медиҳад.

Димитрий Песков, сухангӯи президенти Русия имрӯз бар тавсеаи равобити Маскав бо Теҳрон ва дигар кишварҳо, фориғ аз фишорҳои Амрико таъкид кард.

Песков тайи нишасти хабарӣ дар Кремл гуфт, Русия, Эрон ва теъдоде аз кишварҳо бархилофи фишори Амрико ба эҷоди равобит бар асоси манофеъ ва эҳтироми мутақобил идома хоҳанд дод.

Вай гуфт, иқдомоти ғайридӯстонаи Ғарб дар баробари Русия бепосух нахоҳад монд.

Пас аз имзои созишномаи сохти охирин бахши хатти роҳи оҳани “шимол-ҷунуб”, як сенатори амрикоӣ таҳдид кард, ки ӯ ва ҳамкоронаш дар ҳоли кор бар руи лоиҳае барои ташдиди таҳримҳо алайҳи Русия ва Эрон мебошад.

Песков дар ин робита гуфт, Амрико аз фишор бар кишварҳое, ки ба дунболи як ҳамкории воқиан судманди мутақобил ҳастанд дар намекашад. Мо ҳамеша медонистем, ки ин фишорҳо идома хоҳад дошт.

Сухангӯи Кремл бо ишора ба адами таъсири таҳримҳо бар эҷоди равобити судманди мутақобили Русия ва Эрон ва шарикони он илова кард, Русия ва Эрон бар равобит бар асоси манфиати мутақобил, эҳтироми мутақобил, дар назар гирифтани манофеъ ва нигарониҳо якдигар идома хоҳанд дод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад