Амрико ва Чин бузургтарин таҳдид барои ҷаҳон ҳастанд

Вазири хориҷаи собиқи Амрико, зимни тавсифи давлатҳои Вашингтон ва Пекин ба унвони бузургтарин таҳдидҳо барои ҷаҳон, гуфт, ки даргирии ин ду кишвар зарфияти нобудии башариятро дорад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Ҳенри Киссинҷер”, вазири хориҷаи собиқи Амрико мӯътақид аст, ки ин кишвар ба ҳамроҳи Чин, бузургтарин таҳдид барои ҷаҳон ва башарият аст.

Ҳенри Киссинҷер, дар мусоҳиба бо нашрияи “Экономист” дар посух ба ин савол, ки оё ин имкон барои ду кишвар Амрико ва Чин вуҷуд дорад, ки равобите эҷод кунанд то ба коҳиши хатари даргириҳо кумак кунад, гуфт: «агар руасои ҷумҳури Амрико ва Чин мулоқот кунанд, раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, ки бузургтарин хатар барои ҷаҳон дар ҳоли ҳозир мо ду кишвар ҳастем».

Вай дар идома афзуд: «ба ин маъно, ки мо (Амрико ва Пекин) зарфияти нобуди башариятро дорем. Мо бояд байнихуд тавофуқ кунем, ки саъй кунем аз чунин вазъияте иҷтиноб кунем».

Вазири хориҷаи собиқи Амрико ҳамчунин изҳор дошт, ки Украина бояд дар созмони паймони Атлонтики Шимолӣ (НАТО) пазируфта шавад зеро ба кишваре бо беҳтарин силоҳҳо ва камтаҷрибатарин раҳбарӣ табдил шудааст.

Ҳенри Киссинҷер бо баёни инки Русия дигар як таҳдиди мутаориф нест, тавзеҳ дод, ки аз сӯи дигар Украина ба таври фаъол, худро бо беҳтарин силоҳҳои Аврупо ва камтарин таҷриба раҳбарии роҳбурдӣ дар ин қора табдил мекунад.

Вай ҳамчунин таҳлил кард, ки агар амалиёти низомии вежаи Русия дар Украина ба нафъи Маскав тамом нашавад, ҷаҳон бо як Русияи норозӣ ва ҳамчунин як Украинаи норозӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад