Ҳамоҳангии гуруҳҳои муқовимати Фаластин дар набард бо Исроил

Сухангӯи ҷабҳаи исломии Фаластин мегӯяд, ҳамаи гуруҳҳои муқовимати исломии Фаластин дар набард бо душмани ишғолгари Исроил якпорча ва ҳамоҳанг мебошанд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Ториқ Салмӣ, сухангӯи Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин иддаои саҳюнистҳо дар бораи адами ҳамоҳангӣ байни гуруҳҳои муқовиматро рад карда ва таъкид кард, ки Ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ ин ҷангро бо ҳамоҳангии гуруҳҳои муқовимат дар болотарин сатҳ ва аз тариқи утоқи муштараки амалиёти Фаластин пеш бурда ва мавзеи гуруҳҳои муқовимат алайҳи Исроил воҳиду ҳамоҳанг мебошад.

Вай гуфт, ҷабҳаи муқовимати Фаластин ба ҷое расидааст, ки ба оғозгарони ҷанг иҷозат намедиҳад ҷангро он тавре, ки мехоҳанд ба поён баранд.

Исроил дар ҷараёни ҳамлаи 9-уми май ба Навори Ғазза талош кардааст, ки бо террори роҳбарони аршади Сароё Ал-қудс ба руи даргирӣ бо ин гуруҳи муқовимат тамаркуз кунад.

Расонаҳои хабарӣ гузориш додаанд, ки муқовимати Фаластин ҳамлаҳои ракетии худ ба шаҳракҳои яҳудинишини атрофи Ғаззаро оғоз ва тайи соате беш аз 100 ракета ба Телавив расидааст.

Айни замон даргирӣ миёни Исроил ва гуруҳҳои муқовимати Фаластин идома дорад, режими саҳюнистӣ минтақаҳои мухталифи Навори Ғаззаро бомбаборон мекунад ва дар муқобил гуруҳҳои муқовимат бо ракета посухи Исроилро медиҳанд.

Бар асоси охирин гузоришҳо, муовини вазири умури хориҷаи Амрико аз вазири умури роҳбурдии режими саҳюнистӣ хостааст, ки барои дастёбӣ ба оташбаси фаврӣ талош кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад