Вазири хориҷаи давлати Имрон Хон ҳам боздошт шуд

Дар пайи афзоиши нооромиҳо дар Покистон пас аз дастгирии Имрон Хон, полиси ин кишвар Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи пешинро ҳам боздошт кард.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон дар давраи сарвазирии Имрон Хон ҳам боздошт шуд.

Ҳизби Таҳрики инсоф мутааллиқ ба Имрон Хон видеоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст, ки нишон медиҳад Қурайшӣ тавассути маъмурон боздошт шудааст.

Рӯзи чоршанбе, артиши Покистон барои маҳори хушунат дар чандин бахш аз кишвар мустақар шуд.

Рӯзи гузашта, эътирозгарон ба боздошти сарвазири собиқи Покистон барои дуюмин рӯз ба сохтмонҳои давлатӣ ва низомӣ ҳамла карданд.

Дар пайи ин нооромиҳо то ҳол ҳадди ақал 10 нафар кушта ва 290 нафар ҳам захмӣ шудаанд.

Ба гузориши Ройтерз, Имрон Хон ба иттиҳоми фасоди молӣ боздошт шуда ва додгоҳ идомаи боздошти ӯ ба муддати 8 рӯзро таъид кардааст. Ӯ ин иттиҳомотро дорои ангизаи сиёсӣ тавсиф кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад