9 –уми июл замони баргузории интихоботи зудҳангоми президентии Узбакистон

 Интихобот зудҳангоми президентии Узбакистон дар таърихи 9-уми июли соли 2023 баргузор мешавад.

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон дар мавриди баргузории интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурии ин кишвар хабар додааст. Вай тавзеҳ дод, ки чаро чунин тасмиме зарурӣ аст.

Вай гуфт: “шумо худатон мебинед, тибқи Сарқонуни мо, аввалан ҳамаи қувваҳо ислоҳ мешаванд ва равобит ва тавозун байни онҳо ба таври ҷиддӣ тағйир мекунад.”

Илова бар ин, ба гуфтаи раисҷумҳур, Сарқонуни ислоҳшуда вазифаҳои ҷадиди фаврии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро дар баробари раисҷумҳур, парлумон, давлат, вазирон ва устондорҳо қарор медиҳад.

Раисҷумҳури Узбакистон изҳор дошт: “мардум аз мо интизори тағйироти муҳим ва ба рӯз ва ислоҳот дар ҳамаи заминаҳоро доранд.

Мирзиёев идома дод: “дар шароити кунунӣ, ки фароянди ҳодд ва печидае дар ҷаҳон ва минтақа дар ҳоли вуқӯъ аст, фавритарин ва муҳимтарин мавзӯъ, ҷустуҷӯ ва иҷрои масири дуруст ва муассири тавсеа аст.”

Гуфтанӣ аст, ки рӯз 6 –уми май дар қонуни интихобот тағйироте дар мавриди интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурӣ, намояндагони Маҷлис қонунгузорӣ ва аъзои Маҷлиси сано мундариҷ шуд.

Ҳангоме, ки раисҷумҳур интихоботи раёсатҷумҳурии зудҳангомро таъйин мекунад, он бояд тайи ду моҳ баргузор шавад.

Агар раисҷумҳур Маҷлиси олиро мунҳал кунад, он вақт интихоботи намояндагон тайи се моҳ баргузор мешавад. Агар Маҷлиси олӣ тасмим ба инҳилоли худ бигирад, он вақт интихоботи намояндагон тайи ду моҳи оянда баргузор мешавад. Дар сурати инҳилоли Маҷлиси сано тавассути раисҷумҳур, интихоботи аъзои Маҷлиси сано дар муддати 3 моҳ ва пас аз инҳилоли худ давоми як моҳ баргузор мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад