Тоҷикон бештарин дарёфткунандаи шаҳрвандии Русия

Давоми се моҳи соли равон наздики 45 ҳазор тоҷикистонӣ ба иловаи шаҳрвандии худ ҳамчунин шаҳрвандии Русияро низ дарёфт карданд.

Давоми се моҳи соли равон наздики 45 ҳазор тоҷикистонӣ ба иловаи шаҳрвандии худ ҳамчунин шаҳрвандии Русияро низ дарёфт карданд.

Ба гузориши манбаъ:

Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 106 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ шаҳрвандии Русияро гирифтанд, ки нисбат ба як соли қабл 35 ҳазор нафар камтар аст.

Тибқи омори Вазорати корҳои дохилии Русия дар бораи вазъи муҳоҷират дар давраи аз январ то марти соли 2023, бештари шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд.

Дар хабари ВКД омадааст:

“Теъдоди шахсоне, ки дар моҳҳои январ-марти соли 2023 нисбати онҳо қарор дар бораи гирифтани шаҳрвандии Русия қабул шудааст, 106 320 нафарро ташкил медиҳад”.

Бояд зикр намуд, ки дар ҳамин давраи соли гузашта теъдоди гшаҳрвандони хориҷие, ки шиносномаи Русияро гирифтанд ба 141 663 нафар баробар буд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар се моҳи соли 2023 дар бораи гирифтани шаҳрвандии Русия аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон 44,9 ҳазор қарор қабул шудааст. Вазорат мегӯяд, ин нишондод дар давраи муайяншуда баландтарин буд.

Зимнан, ҷойҳои дуюмро шаҳрвандони Украина (22 ҳазор) ва саввумро Арманистон (8,9 ҳазор) ишғол кардаанд.

Ба даҳгонаи аввал шаҳрвандони Қазоқистон (6,9 ҳазор), Қирғизистон (5,4 ҳазор), Ӯзбекистон (4,7 ҳазор), Озарбойҷон (3,7 ҳазор), Молдова (3,1 ҳазор), Белорус (2,4 ҳазор) ва Туркманистон (912 нафар) шомил буданд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Хадамоти федеролии амният аз аввали соли ҷорӣ 17% афзоиши сафари шаҳрвандони хориҷӣ ба Русияро сабт кардааст.

Бештари вақт дар соли 2023 шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя ба Русия меоянд, аз Тоҷикистон ва Қазоқистон вуруди онҳо афзоиш ёфтааст.

Аз ҳама беш шаҳрвандони Ӯзбекистон ба Русия сафар мекунанд, менависад РБК бо истинод ба омори хадамоти сарҳадии ХФА.

Дар давраи аз январ то марти соли 2023 аз аксари кишварҳои хориҷи дури Федератсияи Русия чиниҳо дидан кардаанд. Шумораи сафарҳо аз Чин 4,6 баробар афзуд.

Ҳамин тариқ, шумораи сафарҳои шаҳрвандони хориҷӣ ба Федератсияи Русия дар давраи аз моҳи январ то марти соли 2023 нисбат ба ҳамин давраи соли 2022, 17,6% зиёд шудааст.

Агар кишварҳои Аврупо бошад, аксар вақт шаҳрвандони Эстония ва Финландия ба Русия дар давраи муайяншуда омадаанд. Аз Латвия, Литва ва Лаҳистон вуруди шаҳрвандон якчанд баробар афзуд.

Манбаъ гуфт

“Дар авоили соли ҷорӣ хориҷиён аз марз бо Русия 3,3 млн маротиба убур кардаанд”

Ҳамин тавр, барои муқоиса, дар семоҳаи аввали соли 2022 тақрибан 2,8 млн муҳоҷир ва сайёҳон буд.

Аммо ҳанӯз дар соли 2022 вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвар бо маҳдудиятҳои коронавирус маҳдуд шуда буд. Пас аз бекор кардани онҳо, вазъият тағйир ёфт.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад