Баррасии ҳамкориҳо миёни мақомоти Тоҷикистон ва Покистон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои покистонияш густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард, ки масоили минтақавӣ аз мавзуъҳои меҳварии он будаанд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои покистонияш густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард, ки масоили минтақавӣ аз мавзуъҳои меҳварии он будаанд.

Ба гузориши манбаъ:

Мақомоти тоҷику покистонӣ маҷмуи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, байналмилалӣ ва минтақавӣиро баррасӣ карданд.

Ба иттилои ВУХ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои покистонияш Биловал Бҳуто Зардарӣ дар Ҳиндустон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ мулоқот кард.

Дар ҷарёни мулоқот маҷмуи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасии тарафайн қарор доштанд, омадааст дар иттилоия.

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар ҳолест, ки ахиран Покистон сафири навашро дар Душанбе таъйин кард. Муҳаммад Саид Сарвар сафири нави фавқулодда ва мухтори Покистон дар Тоҷикистон таъйин гардид.

Маврид ба зикр аст, ки аз соли 2019 дар мақоми сафири Покистон дар Душанбе Имрон Ҳайдар кор мекард.

Тоҷикистону Покистон ба таври дуҷониба ва ҳамчунин дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамкорӣ доранд. Аз ҷумла ҳарду кишвар узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мебошанд.

Инчунин ду кишварро Афғонистон пайванд мекунад, ки субот дар он ҷо барои рушди муносиботи ду кишвар муҳим арзёбӣ мешавад.

Қаблан сафири Тоҷикистон дар Покистон, Исматулло Насриддин таъкид дошта буд, ки манфиатҳои муштараки ду кишвар ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон рабт доранд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Ба Изҳороти муштарак Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон имзо гузоштанд. Сипас дар ҳузури ду президент санадҳои зерини ҳамкорӣ ба имзо расида:

— Созишномаи тиҷорати транзитӣ байни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон;

— Ёддошти тафоҳум дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Исломободи Покистони исломӣ;

— Созишномаи байни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;

— Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти гумруки назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Покистони исломӣ (Идораи федеролии пардохтҳои Покистон) оид ба ташкили мубодилаи электронии маълумот;

— Созишнома байни Агентии стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсат оид ба стандратҳо ва назорати сифати Покистони исломӣ (PSQCA), Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология ва баҳодиҳии мутобиқат;

— Созишнома байни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати Покистони исломӣ оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунӣ ва суистеъмоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо;

— Ёддошти тафоҳум байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Шурои таҳқиқоти захираҳои оби Покистони исломӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқоти бунёдӣ;

— Ёддошти тафоҳум байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Пешовари Покистони Исломӣ ба имзо расиданд.

Баъди маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Шаҳбоз Шариф барои намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад