Намое аз абъоди муҳимми сафари Иброҳими Раисӣ ба Сурия

Саид Иброҳими Раисӣ ба даъвати Башор Асад барои сафаре ду рӯза дар раъси як ҳайати баландпояи сиёсӣ ва тиҷорӣ роҳии Димишқ шуд.

Сайид Иброҳими Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳ дар сафари ду рӯзаи худ ба Сурия бо мақомоти олии ин кишвар дар бораи роҳкорҳои таҳкиму тақвияти равобити сиёсӣ ва густаришу ҳамкориҳои иқтисодӣ гуфтугӯ мекунад. Раисиҷумҳур ҳамчунин дар ин сафар дар нишасти муштараки туҷҷори Эрону Сурия ҳузур меёбад. Дидор ва гуфтугӯ бо эрониёни муқим ва зиёрати амокини муқаддасаи Сурия аз дигар барномаҳои ин сафари дурӯза аст.

Сафари оятуллоҳ Раисӣ ба кишвари Сурия, нахустин дидори як раиси Ҷумҳури Исломии Эрон аз Сурия аз соли 2011 ва замони оғози буҳрон дар ин кишвар хоҳад буд.

Дар тӯли давоздаҳ соли гузашта дар ҷараёни буҳрони дохилии Сурия, Башор Асад, раисиҷумҳури ин кишвари арабӣ ва исломӣ дубор дар урдибиҳиштмоҳи 1401 ва исфандмоҳи 1397 дар қолаби сафарҳои ғайри мунтазира ва бидуни эъломи қаблӣ ба Теҳрон сафар кард ва бо оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ва руасои ҷумҳури вақту феълии Эрон дидор ва ройзанӣ кард ва акнӯн Раисӣ ба даъвати ҳамтои сурии худ бар асоси барномаи аз пеш эълом шуда, роҳии Димишқ мешавад то бо мақомоти олии рутбаи ин кишвар дар бораи тақвияти ҳамкории роҳбурдӣ миёни ду кишвар бавижа дар заминаҳои иқтисодӣ музокира ва ройзанӣ кунаду бар асоси ончӣ ки эълом шуда дар ҷараёни ин сафар байни тарафайн чанд тавофуқ ва ёддошти тафоҳум дар хусӯси ҳамкориҳои иқтисодӣ имзо хоҳад шуд.

Дар солҳои ахир бо вуҷӯди равобити танготанг миёни Сурия ва Эрон ва ҳамкориҳои мутақобил, руасои ҷумҳури кишварамон ба ин кишвар сафар накарда буданд. Аммо ҳоло бо беҳбуди авзоъ дар Сурия ва тасаллути давлат бар аксари нуқоти Сурия, Димишқ табдил ба маҳалле барои ҳузури мақомоти дигар кишварҳо шудааст.

Равобити Эрону Сурия дар сутӯҳи иқтисодӣ, фарҳангӣ ва низомӣ тайи чанддаҳа пайваста рушд ва тавсеа ёфта то ба ин сатҳ аз равобити стротежӣ расида ва ба намунае олӣ аз равобити пешрафта ва мумтоз байни ду кишвар табдил шудааст ва ҳар қадар, ки чолишҳои муҳим ва сарнавиштсоз дар минтақа афзоиш ёфта, ин равобит ҳам аҳамияти хостаре пайдо кардаанд.

Бо оғози ҳамла ба Сурия дар соли 2011, Эрон дар канори Сурия вориди майдон шуду мусташорони низомии худро ба ин кишвар фиристод ва онҳо нақше муҳимро дар мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ, ки ба ниёбат аз режими саҳюнистӣ ва Ғарбу Амрико аз ҳарсӯ ба хоки Сурия сарозер шуда буданд, ифо карданд.

Ба изъони бисёре аз коршиносони арсаи байналмилалӣ ва ҳатто мақомоти давлати Димишқ, оромиши нисбии эҷод шуда дар Сурия ва ҳокимияти муҷаддади давлати Димишқ бар бахши аъзами сарзаминҳои ин кишвар, бидуни ҳамкории шуракои роҳбурдии Сурия, аз ҷумла Эрону Русия имконпазир набуд ва акнӯн Сурия, ки дар даврони пасобуҳрон вориди арсаи бозсозии худ дар ҳавзаи зерсохтҳо ва ҷазби сармоягузорӣ дар ин иртибот шудааст, қатъан Эрон метавонад дар ин ҳавза низ нақши муассире дошта бошад.

Сурия акнӯн вориди марҳалаи бозсозӣ шудаасту Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамонтавр, ки дар фасли мубориза бо терроризм ба таври ҷиддӣ таъйинкунанда ва муассир дар канори давлат, артишу миллати Сурия буд бо таваҷҷуҳ ба зарфиятҳо ва тавоноиҳои иқтисодӣ, текникӣ ва фаннӣ ва имконоте, ки дар ҳавзаи судӯри хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ дорад дар ин замина омодагӣ дорад, ки дар канори давлату миллати Сурия бошад ва битавонад дар фасли бозсозии иқтисодии Сурия ва харобиҳои ношӣ аз ҷанг нақши муассиру ва таъйинкунанда ифо кунад.

Ин сафар дар аъйни ҳол, ки метавонад ба тақвияту тавсеаи равобити ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва ҳатто дифоӣ мунҷар шавад, дорои таъсироти минтақаӣ ва фароминтақаӣ низ ҳаст, ки дар иртибот бо таъсироти минтақаии ин сафар метавон ба тақвияти ҷараёни муқовимату зиддиисроилӣ дар минтақа ишора кард, чунон ки тайи рӯзҳои ахир, теъдоде аз манобеи хабарӣ дар минтақа эълом кардаанд, ки режими саҳюнистӣ нисбат ба сафари раисиҷумҳури Эрон ба Сурия ва натоиҷи он бисёр нигарон аст.

Дар маҷмуъ ин сафари таърихӣ дорои ду буъди асосии роҳбурдӣ ва иқтисодии муҳим аст, роҳбурдӣ аз ин ҷиҳат, ки дар як даҳа гузашта минтақа шоҳиди таҳаввулоти жеополитӣ ва бисёр пар танишӣ будааст. Ҷанги Сурия, ҷанги Яман ва зуҳӯри ДИИШ ва густариши терроризму фитнаҳои дохилӣ, ки бар зидди Ҷумҳурии исломии Эрон ва дигар аъзои меҳвари муқовимат сӯрат гирифт бо ин ҳадаф ҳамроҳ буда, ки Эрон ва меҳвари муқовиматро замингир ва маҳор кунад, аммо имрӯз мушоҳида мешавад, ки ҳечкадом аз ин аҳдофи шум амалӣ нашуда ва сиёсати Ҷумҳурии исломии Эрон дар минтақа муваффақ будааст ва акнӯн меҳвари муқовимат дар болотарин тавонмандии худ қарор дорад.

Буъди дуввуми сафар ва асосан ҳадафе, ки Ҷумҳурии исломии Эрон дорад дар Сурия дунбол мекунад ин аст, ки ҳузуру нақшофаринии иқтисодиашро фаъолтар кунад. Чун ин сафар дар шароити ором, ки гушоишҳое дар Сурия ва минтақа ҳосил шуда, сӯрат мегирад, бештар рӯйкарди иқтисодӣ дорад ва бо ҳадафи мушорикат дар бозсозии зерсохтҳои Сурия сӯрат мегирад. Дар асноде ҳам ки қарор аст байни руасои ҷумҳур ва ҳайатҳои ҳамроҳ имзо шавад, буъди иқтисодӣ пуррангтар аст ва ин аснод ба гӯнае таҳия шуда, ки битавонад ҳузури тиҷорӣ ва иқтисодии Эрон ҳам аз бахши давлатӣ ва хусӯсиро дар онҷо равону тасҳил ва миллати Эрон битавонад аз манофеи иқтисодӣ ва ин пирӯзии роҳбурдӣ истифода кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад