Таҳдиди  гуруснагӣ ба 258 миллион нафар дар ҷаҳон

Беш аз 250 миллион нафар дар 58 кишвари ҷаҳон соли гузашта ба далели даргириҳо, тағйироти обу ҳавоӣ, таъсироти ҳамагирии Ковид-19 ва ҷанги Укроин, бо “ноамнии ғизоии шадид” мувоҷеҳ шуданд ва ниёз ба кумаки фаврӣ доштанд.

Беш аз 250 миллион нафар дар 58 кишвари ҷаҳон соли гузашта ба далели даргириҳо, тағйироти обу ҳавоӣ, таъсироти ҳамагирии Ковид-19 ва ҷанги Укроин, бо “ноамнии ғизоии шадид” мувоҷеҳ шуданд ва ниёз ба кумаки фаврӣ доштанд.

Теъдоди афроде, ки бо гуруснагӣ шадид дасту панҷа нарм мекунанд ва аз камбуди ғизо ранҷ мебаранд, нигаронкунандааст ва ба болотарин мизон дар ҳафт соли гузашта расидааст.

Ин хабар рӯзи чаҳоршанбе аз сӯи Созмони милали муттаҳид ва дар чаҳорчуби “гузориши ҷаҳонӣ дар бораи буҳронҳои ғизоӣ” мунташир шуд.

Бар асоси ин гузориш, ки бо ҳамкории созмонҳои фаъол дар умури башардӯстона таҳия шуда, мардум дар ҳафт кишвар аз ҷумла Сомалӣ, Афғонистон, Буркина Фасо, Гаитӣ, Нигерия, Судони ҷанубӣ ва Яман бо гуруснагӣ ва марг мувоҷеҳ ҳастанд.

Гузориш эълом медорад, ки вазъият ҳамчунон дар манотиқи калидии даргирӣ вахим аст. Ба вижа дар ҷумҳурии демократии Конго, ки 26.4 миллион нафар таҳти таъсири сатҳи болои ноамнии ғизоӣ қарор доранд ва дар Судони ҷануби (7.7 миллион нафар) ва Яман (17.4 миллион нафар).

Дар соли 2022 мелодӣ дар 19 кишвар “даргирӣ ва ноамнӣ” омили аслии ноамнии ғизоӣ буда ва дар 27 кишвари дигар аз ҷумла Гаитӣ, Покистон ва Зимбабве низ тағйироти обу ҳавоӣ ва шокҳои иқтисодӣ мунҷар ба падид омадани сатҳи бисёр болое аз ноамнии ғизоӣ шудааст.

Ин гузориш ҷумҳури демократии Конго, Эфиопия, Нигерия, Афғонистон, Яман, Миёнмор, Сурия, Судон, Укроин ва Покистонро 10 кишвари гуруснаи ҷаҳон муаррифӣ мекунад ва меафзояд, ки дар 32 кишваре, ки додаҳои онҳо дар дастрас буда, ҳудуди 35 миллион кӯдаки зери 5 сол дар соли гузашта аз норасоии ғизо ранҷ мебурданд ва аз ин теъдод 9.2 миллион нафар ба шиддат бемор шуданд ва ниёз ба дармони фаврӣ доштанд.

Антониу Гутерриш, дабири Созмони милал низ эълом кард, ки бо таваҷҷуҳ ба додаҳои ин гузориш, теъдоди афроде, ки бо ноамнии ғизоӣ рӯ ба рӯ ҳастанд ва ба кумакҳои ғизоии фаврӣ ниёз доранд, барои чаҳорумин сол паёпай афзоиш ёфтааст, ки шикасте барои башарият маҳсуб мешавад.

Райан Полсен, мудири ожонси Созмони кишоварзии милали муттаҳид низ бо ишора ба паёмадҳои ҷанги Укроин бар тиҷорати ҷаҳонии нуриҳои минералӣ, гандум, зироат ва равғани офтобпараст гуфт, ки ин паёмадҳои манфӣ барои фақиртарин кишварҳое, ки ба воридоти маводи ғизоӣ вобаста ҳастанд, шадидтар будааст.

Ӯ афзуд: “қиматҳо афзоиш ёфтаанд ва ин кишварҳо ба таври номатлубе таҳти таъсир қарор гирифтаанд.”

Райан Полсен хостори ихтисоси буҷаи бештаре барои сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ ҳамчунин таҳқиқоте шуд, ки буҳронҳои ғизоиро пешбинӣ мекунанд ва ба думболи роҳҳое барои ҷилавгирӣ аз вуқӯъи ин буҳронҳо ҳастанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад