Сафари Иброҳими Раисӣ ба Сурия ҷилвае аз иқтидори муқовимат, намунаи таомул ва ҳамгароӣ

Раисҷумҳури Исломии Эрон дирӯз чаҳоршанбе ба даъвати расмии Башор Асад, раиси Ҷумҳурии Сурия дар садри ҳайати олирутба аз мақомоти сиёсӣ ва иқтисодӣ ба ин кишвар сафар кард.

Сайид Иброҳими Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳ дар сафари ду рӯзаи худ ба Сурия бо мақомоти ин кишвар дар бораи роҳкорҳои таҳким ва тақвияти равобити сиёсӣ ва густариш ва иртиқои сатҳи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории байни ду кишвар ройзанӣ хоҳад кард.

Сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Сурия аз нигоҳҳои зовияҳои мухталиф бисёр муҳим ва қобили арзёбӣ аст. Ин нахустин дидори раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Сурия аз соли 2011 ва замони оғози буҳрон дар ин кишвар маҳсуб мешавад албата дар ин муддат Башор Асад раисҷумҳури Сурия ду мартаба ба Эрон сафар ва бо раҳбари ҶИЭ дидор кардааст.

Сурия дар солҳои ахир буҳронҳои печидаи амниятӣ, низомӣ ва сиёсиро пушти сар гузошта аст беш аз 150 ҳазор террорист аз даҳҳо кишвари ҷаҳон аз соли 2011 вориди Сурия шуданд ва дар қолаби гуруҳҳои террористӣ аз ҷумла ДИИШ даст ба куштори мардум, вайрони ва ноамни заданд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамаи ин солҳо ба ёрии Сурия шитофт ва мусташорони Эрон ва фармондеҳони ҳамчун генерали шаҳид Қосими Сулаймонӣ дар канори артиш ва неруҳои мардумии Сурия истоданд ва ниҳоятан Сурия тавонист дар муқобили террористҳо ва душманон пируз шавад.

Акнун давлати Башор Асад қудрати худро мустаҳкам кард ва кишварҳои араби аз ҷумла Арабистон низ ин воқеъиятро пазируфтанд, кишварҳои араби ҳамчунин пас аз тавофуқи Эрон ва Арабистон барои барқарории равобити дипломотик таҳарукотеро барои беҳбуди равобит бо Сурия ва бозгашти ин кишвар ба иттиҳодияи араб оғоз карданд дар ҳамин чорчуб вазирони хориҷаи Урдун, Арабистони Саъудӣ, Сурия, Ироқ ва Миср рузи душанбе дар пойтахти Урдун нишасти бо ҳадафи баррасии талошҳо ҷиҳати ҳалуфасли буҳрони Сурия баргузор карданд.

Нуктаи муҳими дигар дар бораи сафари Иброҳими Раисӣ ба Сурия мавзуъи тақвият ва иттиҳоди меҳвари муқовимат аст ин сафар дар ҳоли анҷом мешавад, ки Ҳусейн Амри Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон низ ахиран бо сафар ба Бейрут бо Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Зиёд ал-Нахола, дабири кулли ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин дидор кард, шабакаи 13 режими саҳюнистӣ ин таҳарукотро дар ростои таҳавулоти ахири минтақаӣ тавсиф мекунад ба вижа ин ки ин сафар бо вазъияти нобасомони дохилии ин режим ҳамзамон шуда аст.

Ба гуфтаи ин шабакаи режими саҳюнистӣ Эрон мехоҳад нишон диҳад пас аз тавофуқ бо Арабистони Саъудӣ метавонад тамаркузи худро аз Яман ба Сурия ва Лубнон тағир диҳад.

Ин нигарониҳои маҳфилҳои саҳюнистӣ ба хуби нишон медиҳад, ки таҳавулоти минтақа дар масири хилофи хостаҳои режими саҳюнистӣ дар ҳоли рақам хурдан аст кам шудани нуфузи Амрико дар минтақа ба унвони муттаҳиди аслии ишғолгарони Қудс низ шаротеро барои суҳюнистҳо сахтар кард ва ин дар ҳоли аст, ки ин режим акнун ҳарчи бештар шоҳиди иттиҳоди бозигарони меҳвари муқовимат дар ҷабҳаҳои Сурия, Лубнон ва навори Ғаза аст.

Нуктаи муҳими дигар дар бораи сафари раисҷумҳури Исломии Эрон ба Сурия буъди иқтисодии он аст чаро, ки ин сафар иқдоми дар чорчуби тақвияти ҳамгароӣ иқтисодии ду кишвар низ арзёби мешавад акнун оромиши нисби дар Сурия барқарор шуд ва ин кишвар ниёзманди бозсозии худ дар бахши зерсохтҳо ва ҷазби сармоягузори аст бино бар ин Эрон метавонад дар ин бахшҳо низ мушорикат кунад бар ҳамин асос интизор меравад дар сафари Раисӣ ба Сурия чандин қарордоди барои сармоягузори ва ҳамчунин бозсозии шаҳрҳои Сурия ва сохти неругоҳҳои барқи оби ба имзо бирасад.

Алӣ Баҳодуриҷаҳруми сухангуи давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар ин бора гуфта аст: Меҳварияти ин сафар бештар дар бахшҳои иқтисодӣ аст қаблан ду кившар ҳамкориҳои мувафақи дар бахшҳои мухталиф аз ҷумла амниятӣ ва мубориза бо терроризм доштанд.

Ҳамонгунае, ки дар фасли мубориза бо терроризм ҳамкориҳои муассир, ҷидди ва таъинкунанда буд бо таваҷуҳ ба имконот ва тавони фанимуҳандисии Эрон дар фасли созандагӣ низ ду кишвар ба хуби метавонад ҳамкори дошта бошанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад