Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳинд дар заминаи ҳамлу нақл

 Вазирони ҳамлу нақли Тоҷикистону Ҳинд бо якдигар дидор ва дар мавриди ҳамкорӣ дар заминаи ҳамлу нақл ва транзит гуфтугӯ карданд.

Вазирони ҳамлу нақли Тоҷикистону Ҳинд бо якдигар дидор ва дар мавриди ҳамкорӣ дар заминаи ҳамлу нақл ва транзит гуфтугӯ карданд.

Азим Иброҳим, вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон бо Нитино Годкори, вазири ҳамлу нақли Ҳинд дидор ва гуфтугӯ кард.

Иброҳим зимн суханоне дар ҷараёни ин дидор гуфт, ки аз майи имсол теъдоди парвозҳои муназзам байни Тоҷикистон ва Ҳинд афзоиш ёфтааст ва ба ин тартиб ва ду бор дар ҳафта анҷом мешавад.

Бинобар суханони вай, дар ҳоли ҳозир ҳамкорӣ дар заминаи ҳамлу нақл байни ду кишвар яке аз масирҳои муҳими равобити дуҷониба ба ҳисоб меравад.

Вай гуфт, ки Ҳинд дар сохти ҷодаҳо ба Тоҷикистон кумак мекунад, ба вижа бо ҳимояти Деҳлӣ ва ибтикори сафорати ин кишвар дар Душанбе як ҷодаи модерн эҳдос ва мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Ба гуфтаи вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон, марҳалаи аввали сохти ин ҷода такмил ва марҳалаи дувуми он оғоз шудааст.

Иброҳим дар идомаи суханони худ гуфт: “дар маҷмӯъ мо аз чунин ҳамкориҳо розӣ ҳастем ва барои тақвият ва густариши он талош мекунем.”

Вазири ҳамлу нақли Ҳинд дар навбати худ илова кард, ки дар кишвари мо ба санъати ҳамлу нақл аз ҷумла фановариҳои ҷадид таваҷҷуҳи зиёде мешавад.

Тарафайн омодагии худро барои тақвияти ҳамкорӣ дар заминаи роҳсозӣ, ҳамлу нақл, лоҷетсик ва диҷитолсозӣ эълом карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад