3 низомии саҳюнистӣ тайи як моҳ худкушӣ кардаанд!

Манобеи расонаӣ ибрӣ забон аз худкушии 3 низомии артиши режими саҳюнистӣ тайи як моҳи ахир хабар доданд, ки ду нафар аз онон тайи як ҳафтаи ахир худкушӣ кардаанд.

Ба гузориши манобеи расонаӣ дар Фаластини ишғолӣ аз худкушии 3 низомии артиши режими саҳюнистӣ тайи як моҳи ахир хабар доданд, ки ду нафар аз онон тайи як ҳафтаи ахир худкушӣ кардаанд.

Маркази иттилоъ расонии Фаластин шомгоҳи ҷумъа бо нақли ин матлаб аз шабакаи ибрӣ забони “Кан” эълом кард, ки дар як моҳи ахир, 3 низомии «исроилӣ» даст ба худкушӣ заданд.

Дар ҳамин иртибот, “Hertz Halliway”, раиси ситоди кулли артиши режими саҳюнистӣ дастури баррасии фаврии мавориди худкушии низомёни артишро додааст.

Гуфтнӣ аст пештар, мақомот ва расонаҳои режими саҳюнистӣ аз афзоиши нигарон кунандаи худкушӣ дар байни неруҳои низомӣ ва мавориди мутааддиди тааррузи фармондаҳон ва низомиёни мард ба низомиёни зан дар ташкилоти низомии ин режими кӯдак куш сухан гуфта буданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад