Насруллоҳ: Муқовимат дар беҳтарин шароит ва режими саҳюнистӣ дар бадтарин вазъият қарор дорад

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт, ки муқовимат дар беҳтарину қавитарин вазъият ва режими саҳюнистӣ дар бадтарину заифтарин шароити қарор дорад.”

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт, ки муқовимат дар беҳтарину қавитарин вазъият ва режими саҳюнистӣ дар бадтарину заифтарин шароити қарор дорад.”

Дар дидори Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, охирин таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ ва аз ҷумла таҳаввулоти Фаластини ишғолӣ мавриди баҳс ва табодули назар қарор гирифт.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар дидор бо вазири хориҷаи ҶИЭ таъкид кард, ки имрӯз бо вуҷуди фишори душманон, муқовимат дар Лубнон ва Фаластин дар беҳтарин ва қавитарин вазъият ва режими саҳюнистӣ дар бадтарин ва заифтарин шароити худ дар солҳои ахир ба сар мебарад.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар ин дидор тавофуқи Эрону Арабистони Саудиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод ва ба асароти мусбати он бар минтақа, ишора намуд. Сайидҳасан Насруллоҳ вуҷуди ихтилофҳо ва шикофҳои физоянда ва чандбораи дохилӣ дар режими саҳюнистиро яке аз нишонаҳои заъфи режими ишғолгар донист.

 Вай таҳаввулоти ахир дар Фаластин, муқовимати қаҳрамононаи гурӯҳҳои ҷиҳодӣ ва миллати Фаластин ва инсиҷом ва ҳамбастагии ҷаҳонӣ дар ҳимоят аз муқаддасоти исломӣ дар Қудси шарифро аз ҷумла таҳаввулоти ахир хонд.

 Сайидҳасан Насруллоҳ бо тамҷид аз мавозеи раҳбари ҶИЭ ва давлату миллати Эрон дар кумак ба барқарории суботу амният дар минтақа гуфт: имрӯз бо вуҷуди фишори душманон, муқовимат дар Лубнон ва Фаластин дар беҳтарин ва қавитарин вазъият ва режими саҳюнистӣ дар бадтарин ва заифтарин шароити худ дар солҳои ахир ба сар мебарад.”

Сайидҳасан Насруллоҳ афзуд: бо таҳаввулоти рӯй дода, ояндаи равшан ва пирӯзмандонае дар интизори мардуми минтақа аст.”

 Дар ин дидор бархе мавзӯъоти муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ мавриди табодули назар қарор гирифт.

 Амирабдуллоҳиён низ дар ин дидор, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнонро дар ҷараёни охирин мавозеи ҶИЭ перомуни таҳаввулоти Украина, Афғонистон, вазъияти Аврупо, Судон, Фаластин в ҳамчунин ҳамкории Эрон ва Ожонс байналмилалии энергии атомӣ ва нигоҳи Эрон ба чигунагии лағви таҳримҳо қарор дод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад