Нигаронии Исроил аз равобити Эрон ва Арабистон

Сарвазири режими саҳюнистӣ аз равобит миёни Эрон ва Арабистони Саудӣ ибрози нигаронӣ кард.

Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил дар мусоҳиба ба як расонаи амрикоӣ хостори идомаи ҳузури Амрико дар минтақаи Ғарби Осиё шуд.

Нетаняҳу дар мусоҳиба бо CNBC гуфт: фикр мекунам натанҳо Исроил балки аксари кишварҳо дар Ховари Миёна аз мушорикати Амрико дар минтақа ва фаротар аз он тааҳҳуди бештаре дар Ховари Миёна ҳимоят мекунанд.

Вай илова кард, фирк мекунам, ки барои Иёлоти Муттаҳида хело муҳим аст дар бораи тааҳҳуд ва мушорикати худ дар Ховари Миёна шаффоф бошад.

Нетаняҳу дар бахше аз мусоҳибаи худ аз оддисозии равобит миёни Эрон ва Арабистони Саудӣ ибрози нигаронӣ кард.

Ӯ бо ишора ба тавофуқи Эрон ва Арабистон барои бақарории равобит гуфт: бар ин бовар ҳастам, ки (ин тавофуқ) эҳтимолан бештар ба хотири алоқаи Арабистон ба танишзудоӣ ё ҳатто таваққуфи ҷанги тулонӣ муддат дар Яман буда бошад. Ба назарам раҳбари Саудӣ намедонад, ки дӯстон ва душманонаш чи касоне ҳастанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад