Намози Иди Фитр бо ҳузури садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ дар Маскав

Муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бомдоди рӯзи 21 апрел дар масоҷиди ҷомеи шаҳри Маскав намози иди Рамазонро хонданд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бомдоди рӯзи 21 апрел дар масоҷиди ҷомеи шаҳри Маскав намози иди Рамазонро хонданд.

Субҳи имрӯз ҳазорҳо муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои собиқӣ Шӯравӣ, аз ҷумла аз кишварҳои Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон барои адои намози Иди Фитр ба масҷиди марказии шаҳри Маскав рафтанд.

Чандин ҳазор нафар аз мусулмонон имрӯз дар Маскав намози ид гузоштанд. Азбаски бузургтарин масҷиди Маскав дар ҷодаи Сулҳ ҳамаро ғунҷонда наметавонист, аксрият дар хиёбонҳои атрофи он намоз гузоштанд.

Пас аз амри маъруф ва суханони табрикии Равил Ғайнуддин, раиси Шӯрои муфтиёти Русия намози Иди Фитр баргузор шуд.

Баъд аз анҷоми намози ид аксарияти муҳоҷирон ба хонаҳои наздикону рафиқони худ мераванд, то ба Ид онҳоро табрик намоянд.

Аксари нафароне, ки имрӯзҳо ба Масҷиди ҷомеи Маскав меоянд шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон мебошанд.

Иди Фитр яке аз ду иди бузурги мусулмонон аст, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол, пас аз поёни моҳи Рамазон баргузор мешавад.

Ин ҷашни муборак пас аз анҷом ёфтани моҳи шарифи Рамазон таҷлил мегардад. Дар ин рӯз мардум либосҳои тоза ба бар намуда, ба ҳамдигар тӯҳфаҳо тақдим мекунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад