Амрико ДИИШ-ро таъсис дод

Номзади интихоботи президентии Амрико ва бародарзодаи президенти террор шудаи собиқи ин кишвар дар суханронии эълони номзадии худ барои интихоботи президентӣ эълон кард, ки Вашингтон гуруҳи террористии ДИИШ-ро таъсис додааст ва пулиси ин кишвар ҳам фосид мебошад.

Роберт Эф Кеннеди, бародарзодаи Ҷон Эф Кеннеди, президенти собиқи Амрико рӯзи чоршанбе расман номзадии худро барои интихоботи президентии 2024 эълон кард.

Ӯ аз мухолифони ваксинаи каронавирус буд ва инстаграм дар соли 2021 ҳисоби корбарии вай ро ба далели нашри матолиби гумроҳ кунанда дар бораи ваксинаи каронавирус баст.

Вай тайи изҳороте барои эълони номзадии худ барои интихоботи президентии Амрико гуфт, ки пулиси Амрико фосид буда ва ин Вашингтон будааст, ки гуруҳи террористии ДИИШ-ро таъсис додааст.

Кеннеди ҳамчунин гуфт, ки табақаи мутавассити Амрико дар пайи иқдомоти давлатҳои гузаштаи ин кишвар осеб дидааст.

Вай дар суханронии эълони номзадӣ барои интихоботи президентӣ гуфт: “пулис фосид аст, мо ДИИШ-ро таъсис додем. Мо 2 миллион овораро равонаи Аврупо кардем ва замина сози бесуботии озодӣ дар онҷо шудем, ки мунҷар ба “Brexit” шуд. Ин ҳазинаи ҷанги Ироқ аст. 8 ҳазор миллиард доллар дар онҷо харҷ кардем ва 16 ҳазор миллиард доллар барои таътилиҳои каронавирус ҳазина кардем ва дар маҷмӯъ 24 ҳазор миллиард доллар харҷ шуд ва ҳеҷ ҳосиле надошт ҷуз вайрон шудани табақаи мутавассит дар Амрико. Мо бояд ба ин вазъият хотима диҳем.”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад