Тақвияти ҳамкории техникӣ ва машваратии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ

Дар дидори раиси Бонки миллии кишвар бо мақомоти Бонк ҷаҳонӣ масоили ҳамкории техникӣ ва машваратӣ барои мудирияти муассири манобеъи байналмилалӣ барраси шуд.

Дар дидори раиси Бонки миллии кишвар бо мақомоти Бонк ҷаҳонӣ масоили ҳамкории техникӣ ва машваратӣ барои мудирияти муассири манобеъи байналмилалӣ барраси шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Ҳаким Холиқзода”, раиси Бонки миллии кишвар бо “Тереза ​​Каше”, раиси хазонадории Бонки ҷаҳонӣ ва “Ҷорҷ Бентли”, мудири барномаи «широкати машваратӣ ва мудирияти захоири» Бонки мазкур дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ҷараёни ин дидор, ки дар ҳошияи нишастҳои баҳории сандуқи байналмилалии пул ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Вашингтон баргузор шуд, масоили ҳамкории техникӣ ва машваратӣ барои мудирияти муассири манобеъи байналмилалӣ мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.

Раиси Бонк миллии кишварамон Тоҷикистон зимни суханоне дар ин нишаст аз ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар чорчуби барномаи «широкати машваратӣ ва мудирияти захоир» дар ҷиҳати ироаи кумакҳои техникӣ ва машваратӣ изҳори ризоят кард.

Изҳор шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2016 ба узвияти барномаи «мушорикати машваратӣ ва мудирияти манобеъ» даромада ва бо ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ дар ростои мудирияти муассири манобеъи байналмилалӣ корҳои қобили таваҷҷӯҳе анҷом додааст.

Ҳамчунин раиси Бонки миллии кишварамон Тоҷикистон таваҷҷӯҳи Бонки ҷаҳониро ба мудирияти муассири манобеъи байналмилалӣ бо дар назар гирифтани вазъияти бозори молӣ ва адами итминон дар сиёсатҳои пулии кишварҳо, ҷалб кард.

Дар ин дидор ду тараф омодагии худро барои ҳамкории техникӣ ва машваратӣ барои мудирияти муассири манобеъи байналмилалӣ аз тариқи истифода аз абзорҳои навини бозори молӣ ва афзоиши дониш ва маҳорати коркунони Бонки миллии Тоҷикистон аз тариқи мушовира ва баргузории ҷаласоти омӯзишӣ эълом карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад