Таъкиди Лукашенко бар ҳимоят аз Сурия дар паёми табрик ба “Асад”

Раиси ҷумҳури Беларус дар паёми табрики рӯзи истиқлоли Сурия ба ҳамтои сурии худ, гуфт, ки дар сиюмин солгарди равобити дипломатик бо Димишқ, Минск ба ироаи кумакҳои лозим ба ин кишвар идома медиҳад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Александр Лукашенко”, раиси ҷумҳури Беларус имрӯз (душанбе) ба муносибати ҷашни рӯзи истиқлоли Сурия ба “Башор Асад”, ҳамтои сурии худ паёми табрик фиристод.

Дафтари риёсати ҷумҳурии Беларус тайи баёнияе дар ин бора ба нақл аз Александр Лукашенко гуфт: «Кишвари [Сурия] бо раҳбарии шумо, шуҷоона дар баробари душвории таҳримҳои сахт ва фишорҳои сиёсии Ғарби мутаҷовиз, истодагӣ карда ва бо паёмадҳои балоёи табиӣ муқобила кардааст».

Ба навиштаи хабаргузории “Белта”, дар паёми табрики раиси ҷумҳури Беларус омадааст: «Беларус ба ироаи кумакҳои лозим ба кишвари дӯст ва бародар Сурия барои ғалаба бар мушкилоте, ки бар кишвари шумо ворид шудааст, идома хоҳад дод».

Александр Лукашенко, бо баёни инки имсол сиюмин солгарди равобити дипломатик байни Минск ва Димишқ аст, тавзеҳ дод: «бо қоилшудани аҳамияти таърихӣ ба ин муносибат, мехоҳам таъкид кунам, ки Беларус қасд дорад ҳамкориҳои судманди дуҷониба бо Сурияро тақвият кунад».

Раиси ҷумҳури Беларус зимни оризуи саломатӣ барои Башор Асад ва сулҳ барои Сурия, афзуд: «Ман бар ҳимояти шахси шумо дар тавсеаи муфид ва муассири гуфтугӯҳои байнидавлатӣ дар ҳамаи ҳавзаҳо ҳисоб мекунам».

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад