То замони берун кардани ишғолгарон ба мубориза идома медиҳем

Дабири кулли ҷабҳаи муқовимати исломии Фаластин бо ибрози инки имрӯз парчамҳои муқовимат дар ҳамаи маконҳо барафрошта шудааст таъкид кард: то замони берун кардани ишғолгарон аз Фаластин ба мубориза ва муқовимат идома хоҳем дод.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Зиёд Аннухола, Дабири кулли ҷабҳаи исломии Фаластин дар суханоне ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудс эълон кард: Қудс унвонест, ки Фаластин дар он хулоса мешавад ва мо ин рӯзи бузургро ҷашн мегирем ва ин муносибати азимро гиромӣ медорем ва дар он бар ваҳдати уммати исломӣ барои Қудс ва Масҷидулақсо таъкид мекунем.

Дабири кулли ҷабҳаи исломӣ дар нишасти маҷозӣ “Минбари Қудс” изҳор дошт: Эмом Хумайнӣ (ра) ҳангоми номгузории ин рӯз ба номи рӯзи Қудс, чиқадр илҳом гирифта буд.

Зиёд Аннухола таъкид кард: то замони озодсозии ватани худ ва пок кардани Қудс аз вуҷуди ишғолгарони саҳюнист, ба мубориза идома медиҳем. Миллати муборизи Фаластин ва қаҳрамонони муҷоҳиди мо, ки дар саросари Фаластин ва Каронаи Бохтарӣ ҳузур доранд, имрӯз сипари Қудс ҳастанд.

Вай гуфт: мо дар Рӯзи Қудс таъкид мекунем, ки уммати мо воҳид аст ва паёми он низ воҳид аст ва Қудс унвони пирӯзии мо хоҳад буд. Ҳамаи арсаҳои муқовимат бар ҳузуру ҳимоят аз миллати Фаластин ва муқовимати онҳо таъкид мекунад ва парчамҳои муқовимат дар ҳама ҷой барафрошта шудааст. Имрӯз уммати исломӣ бори дигар мутаваҷҷеҳ мешавад, ки солҳои зиллату оддисозӣ бо душман чиқадар сахту таҳқиромез буд, аммо акнун мо ба гомҳои мусбат дар минтақа барои хомӯш кардани оташи низое, ки Амрико ва режими саҳюнистӣ ба по карда буданд, хушбин ҳастем.

Дабири кулли ҷабҳаи исломии Фаластин изҳор дошт: дар ин муносибати бузург ба ҳамаи миллатҳои озодаи ҷаҳон ва ба вижа миллати бузургу шуҷоъ ва қаҳрамони Фаластин, ки ҳамвора дар ҳоли муборизаву ҷиҳод барои дифоъ аз Масҷидулақсо ҳастанд дуруд мефиристам ва Рӯзи Қудсро ба ҳамаи онҳо табрик мегӯям. Худоро шокирем, ки дилҳои миллатҳоро ба самти Қудси Шариф савқ додааст то барои озодсозии он аз шарри ишғолгарон талош кунанд.

Вай тасреҳ кард: мо дар ин рӯзи бошукӯҳ бар ваҳдати миллати худ барои озодии Қудс ва Масҷидулақсо таъкид мекунем. Қудс ҳамаи таъриху ҷуғрофиёро хулоса мекунад ва унвони зуҳури уммате мешавад, ки ба пирӯзӣ ва озодсозии Фаластину Қудсу Масҷидулақсо имон доранд.

Зиёд Аннухола дар идома ба ҷиноятҳои ишғолгарони яҳудӣ дар Масҷидулақсо алайҳи фаластиниён ишора карда изҳор дошт : саҳнаҳои ҷиноятҳои саҳюнистҳои қотил дар Масҷидулақсо, барои исботи воқеияти мавҷудияти саҳюнистӣ кофӣ мебошад то ҳамаи арабҳо ва мусулмонону соири миллатҳои ҷаҳон ҳақиқати ин режими ишғолгарро бубинанд; ишғолгароне, ки муътақиданд хуни онҳо аз хуни дигар инсонҳо боарзиштар аст.

Дабири кулли ҷиҳоди исломӣ таъкид кард: мо ба ҷиҳоду муқовимати худ идома медиҳем; то рӯзе, ки ҷинояткорони саҳюнистро аз ватани худамон берун кунем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад