Ҳузури ҳазорон фаластинӣ дар намози субҳи охирин ҷумъаи Рамазон

 Даҳҳо ҳазор фаластинӣ бо вуҷуди таниши амниятӣ дар Байтулмуқаддас охирин намози субҳи рӯзи ҷумъаи моҳи мубораки Рамазонро дар Масҷидулақсо иқома карданд.

Даҳҳо ҳазор фаластинӣ бо вуҷуди таниши амниятӣ дар Байтулмуқаддас охирин намози субҳи рӯзи ҷумъаи моҳи мубораки Рамазонро дар Масҷидулақсо иқома карданд.

Фаластиниёни Каронаи Бохтарӣ ва сарзаминҳои ишғолии 1948 саҳаргоҳи имрӯз дӯшодӯши сокинони Байтулмуқаддас намози саҳаргоҳи охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазонро дар Масҷидулақсо иқома карданд.

Манобеи маҳаллӣ эълом карданд, ки даҳҳо ҳазор намозгузор дар саҳнаҳое бошукӯҳ дар Масҷидулақсо ҷамъ шуданд ва намози субҳи Рӯзи ҷаҳони Қудс ва охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазонро адо карданд.

Бо вуҷуди маҳдудиятҳои амниятӣ, ки режими ишғолгар дар мабодии Байтулмуқаддас ва перомуни Масҷидулақсо вазъ кардааст, шаҳрвандон ва рӯзадорон аз ҳар нуқта аз сарзамини Фаластин ба самти Масҷидулақсо омаданд ва бисёре низ аз рӯзҳои қабл дар масҷид эътикоф доштанд.

Шаби гузашта саҳнҳои Масҷидулақсо саҳнаи таниш байни нигоҳбонон ва низомиёни ишғолгари саҳюнист буд ва ба гуфтаи манобеи Байтулмуқаддас, нируҳои саҳюнист дарҳои Масҷидулақсоро баста ва барқ ва интернити масҷид ва минтақаи перомуни онро қатъ карда буданд ва ҷавонони фаластинӣ дар эътироз ба ин тааррузи ишғолгарон шиор сар медоданд.

Шумори зиёде аз низомиёни саҳюнист низ худро ба бобулмуғориба, яке аз дарҳои Масҷидулақсо расонда буданд то ҷавонони мӯътакиф дар мусаллои қаблии Масҷидулоқсоро берун кунанд, ки ба даргирӣ миёни ду тараф ва боздошти шуморе аз фаластиниён мунҷар шуд.

Режими саҳюнистӣ бо оғози моҳи Рамазон юришҳои худро ба Масҷидулақсо шиддат бахшида ва зимни иҳонат ба ин макони муқаддас, рӯзадорон ва ибодаткунандагони дар онҷоро мавриди озор ва азият қарор медиҳад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад