Режими саҳюнистӣ барқу интернети Масҷидулақсоро қатъ кард

Нируҳои режими ишғолгари саҳюнистӣ нируҳои зиёдеро равонаи Масҷидулуқсо карда ва барқу интернети онро қатъ кардаанд.

Хабарнигори шабакаи хабарии Маёдин мегӯяд, ки нируҳои режими ишғолгари саҳюнистӣ нируҳои зиёдеро равонаи Масҷидулақсо кардаанд. Нируҳои режими саюунистӣ ҳамчунин тамомии дарҳои хатмшуда ба ин масҷидро баста ва интернет ва барқи онро қатъ кардаанд.

Расонаҳои саҳюнистӣ ҳамчунин гузориш додаанд полиси ин режим ба муносиби Рӯзи Қудс ба ҳолати омодабоши комил даромада ва ҳазорон нафар аз нируҳои худашро қарор аст дар атрофи Масҷидулақсо мустақар кунад.

Тайи рӯзҳои ахир танишҳо дар Фаластини ишғолӣ ташдид шуда ва аз сӯи дигар режими саҳюнисти бархе нуқоти ҷануби Лубнон ва навори Ғаззаро ҳадафи ҳамлаи худ қарор дод, ки гурӯҳҳои муқовимат ба он посух доданд ва шабакаи саҳюнистии Кон рӯзи ҷумъа дар ин бора гузориш дод, ки шаби гузашта 40 фарванд мушак аз навори Ғазза ба самти шаҳракҳои ишғолӣ шиллик шуд.

Ба гуфтаи расонаҳои саҳюнистӣ рӯзи панҷшнба низ беш аз 100 ракет аз ҷануби Лубнон ба самти шимоли Фаластини ишғолӣ шиллик шуда буд. Ин ҳамлаҳо пас аз он сурат гирифт, ки бомдоди рӯзи чаҳоршанбе низомиёни саҳюнист бо юриш ба Масҷидулақсо даҳҳо намозгузор ва мӯътакифро зарбу шатм ва боздошт карданд. Таҷовузе, ки бо вокуниши байналмилалӣ ва минтақаӣ ҳамроҳ шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад