Рӯзи Қудс, бахше аз набарди мо барои озодии Фаластин аст

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон бо ишора ба инки меҳвари муқовимат, дар сафи нахусти ҷанги озодсозии Фаластин қарор дорад, таъкид кард, ки режими саҳюнистӣ бо буҳронҳои дохилии амиқе рӯбарӯст, ки дар таърихи ин режим собиқа надоштааст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Сайид Ҳасан Насруллоҳ дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон шомгоҳи имрӯз панҷшанбе ба муносибати рӯзи ҷаҳонии Қудс, таъкид кард, ки ин рӯз, бахши аслии набарди бузурге аст, ки миллати мо барои озодии Фаластин, раҳбарии онро бар ӯҳда дорад.

Насруллоҳ бо ишора ба инки меҳвари муқовимат, дар сафи нахусти ин ҷанг қарор дошта ва бар меҳварияти Қудс таъкид дорад, гуфт: имсол, таҳаввулоти зиёде дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақаӣ ва дохилии режими саҳюнистӣ рух дод, ки ҳамагӣ таъсири мусбате дар набарди меҳвари муқовимат бо лоиҳаҳои режими саҳюнистӣ ва лоиҳаҳои тавсеаталабии Амрико дорад.

Вай бо баёни инки ҷаҳон ба самти ташкили як низоми чанд қутбӣ дар ҳаракат аст, ки ба султаи так қутбии Амрико поён хоҳад дод, тасреҳ кард: дар сатҳи минтақа, шикасти лоиҳаи терроризм ва таҷовуз ва оғози ҳаракати кишварҳои минтақа ба самти коҳиши таниш ва гуфтугӯро шоҳид ҳастем. Ин масъала дар дидори Эрон ва Арабистон дар Чин, ҳувайдо буд.

Шабакаи Ал-Манор ба нақл аз дабири кулли Ҳизбуллоҳ гузориш дод: ҳалли мушкилот байни кишварҳои минтақа боис хоҳад шуд дарҳо ба рӯи фитна ва даргириҳои дохилӣ дар миёни уммати исломӣ баста шавад; Масъалае, ки душмани саҳюнистӣ бар рӯи он ҳисоб боз кардааст.

Насруллоҳ бо баён инки имсол, меҳвари муқовимат аз мушкилоти солҳои гузашта, пирӯзмандона ва бо иқтидор ва инсиҷом хориҷ шудааст, хотир нишон кард: режими саҳюнистӣ бо буҳронҳои дохилии амиқе рӯбарӯст, ки дар таърихи 75 солаи ин режим собиқа надоштааст.

Вай Каронаи Бохтариро сипари Қудси ишғолӣ унвон кард ва гуфт: сокинони Қудс, дар хатти муқаддами дифоъ аз муқаддасоти исломӣ ва масеҳият қарор доранд ва дағдағаи мо дар ин марҳила бояд ин бошад, ки чигуна бештарин ҳимоятро дошта бошем то муқовимат дар Каронаи Бохтари идома дошта бошад.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ бо ишора ба инки шуҳадои бузурге аз ҷумла шаҳид ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ дар масири озодии Фаластин ба шаҳодат расидаанд, дар поён таъкид кард: масъулияти пуштибонӣ аз Каронаи Бохтарӣ, як масъулияти ахлоқӣ, имонӣ ва ҷиҳодӣ аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад