Танқиди дигарбора аз ҳукумати Тоҷикистон

Намояндаи як созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ Тоҷикистонро дар қатори кишварҳое номбар кард, ки бо таҳдиду зӯроварӣ саъй доранд, даҳони мунтақидонро ҳатто дар хориҷа бибанданд.

Намояндаи як созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ Тоҷикистонро дар қатори кишварҳое номбар кард, ки бо таҳдиду зӯроварӣ саъй доранд, даҳони мунтақидонро ҳатто дар хориҷа бибанданд.

Яна Гороховская, мудири тадқиқот ва стратегияи Freedom House ё Хонаи Озодӣ, рӯзи 6-уми апрел навишт, “то охири соли 2022-юм 38 ҳукумат шаҳрвандони худро дар 91 кишвар ҳадаф гирифтанд.”

Ҳамин ҳукуматҳо, ба қавли ӯ, барои пахши садои интиқодӣ ва дигарандешӣ дар байни диаспора ва ҷомеаҳои табъидӣ “аз куштор, ҳамла, боздошт ва ихроҷу истирдоди ғайриқонунӣ” истифода мекунанд.

Гороховская бовар дорад:

“Теъдоди онҳо аз соли 2014 дар ҳоли афзудан аст”.

Дар идома ҳукуматҳои худкомаро барои ёрӣ ба саркӯби шаҳрвандони якдигар танқид кардааст.

Вай мегӯяд:

“Ҳукумати Тоҷикистон соли 2022 барои таъқиби помириҳо (зодагони Бадахшон)-и муқими Русия аз ҳамкориҳои деринаи амниятӣ бо Маскав истифода намуд “.

Ба иттилои намояндаи Freedom House, мақомоти Тоҷикистон пас аз саркӯби тазоҳуроти эътирозӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 11 нафарро, ки “амалиёт”-и Душанберо танқид мекарданд, аз Русия оварда, зиндонӣ карданд.

Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо ва Амриддин Аловатшоев аз ҷумлаи онҳоянд. Онҳо пас аз як муддати нопадид шудан дар Русия дар дасти мақомоти қудратии Тоҷикистон пайдо шуданд.

Ба ҳамин тарзи монанд, аммо бо риояи баъзе қонунҳои Русия, аз ин кишвар дар солҳои гуногун фаъоли мухолиф Мақсуд Иброҳимов (соли 2015), Каромат Шарипов (соли 2017), Иззат Амон (соли 2021) ва дигар мунтақидони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон рабуда ё маҷбурӣ ба Тоҷикистон оварда шуданд.

Freedom House ё Хонаи Озодӣ, созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ, моҳи марти имсол дар гузориши солонааш Тоҷикистонро аз ҷумлаи кишварҳои ноозод ва саркӯбгар ном бурд ва дар қатори Чин, Туркия, Русия ва Миср ҷой дод.

Намояндагони давлати Тоҷикистон тайи моҳҳои охир дар бораи “ҳалли” масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқи инсон гузориш медиҳанд. Дар нишасти хабарӣ ва маърузаи солонаи Омбудсмени Тоҷикистон овардани “146 зану кӯдак аз урдугоҳҳои Ховари Миёна” ва “қабули қонун дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз”-ро мисол овардаанд.

Дар айни замон дар бораи саркӯби эътирозгарон дар Бадахшон дар моҳи майи соли 2022 ва ҳукми ҳафт журналисту блогери тоҷик чизе гуфта нашудааст. Дар ҳодисаҳои ВМКБ даҳҳо кас кушта, маҷруҳ ва даҳҳо нафари дигар боздошту зиндонӣ гардиданд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Гузоришгари вижаи СММ дар умури Озодиҳои мазҳабӣ ва эътиқод, барои арзёбии вазъи риояи ҳуқуқи гурӯҳҳои ақаллиятҳои диниву мазҳабӣ, баробарии зану мард ва ҳуқуқи кӯдакон ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Сафари Нозила Қонеъ ба Душанбе аз 11 то 21- уми апрел давом мекунад. Ӯ ҳамчунин дар ин сафар талошҳои Тоҷикистонро барои фароҳам овардани шароити ҳамзистиии осоиштаи пайравони мазҳабҳои мухталиф ва ба ҳам овардани онҳоро дар мубориза бо ифротгароӣ арзёбӣ хоҳад кард.

Дафтари Озодиҳои СММ бо нашри як баёния рӯзи 7-уми апрел гуфтааст, дар ҷараёни боздид аз Тоҷикистон гузоришгари вижа дар умури озодиҳои мазҳабӣ бо мақомоти давлатӣ, руҳониён, ҷомеаҳои мазҳабӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот хоҳад кард.

Коршиноси умури озодиҳои мазҳабӣ ва эътиқоди СММ рӯзи 21-уми апрел мушоҳидаҳои пешакии худро бо хабарнигорон дар Душанбе дар миён мегузорад. Вай ҳамчунин қасд дорад ба шаҳри Хоруғу Хуҷанд ва дигар минтақаҳои кишвар сафар кунад. Дар баёнияи СММ омадааст, ки онҳо аз мақомоти Тоҷикистон дархости боздид аз ин шаҳрҳоро мекунанд.

Аз натиҷаи сафар ва вазъи озодиҳои эътиқоду мазҳабӣ дар Тоҷикистон гузоришгари вижа моҳи марти соли 2024 дар Шӯрои ҳуқуқи инсон, дар Женева гузориш хоҳад дод.

Нозила Қонеъ, зодаи ҷумҳурии исломии Эрон буда, моҳи августи соли 2022 ба ҳайси гузоришгари вижаи СММ дур умури озодиҳои динӣ ва эътиқод ба кор шурӯъ кардааст.

Дар зимн мақомоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон моҳи феврали имсол гуфта буданд, гузоришгари вижаро ба Тоҷикистон даъват кардаанд.

Сафари коршиноси СММ барои арзёбии вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ солҳост ин кишварро барои нақзи озодиҳои динии шаҳрвандон танқид мекунанд. Аз ҷумла, дар Гузориши солонаи ИМА аз соли 2016 ба ин тараф Тоҷикистон чун як кишвари поймолкунандаи ҷиддии ин озодиҳо сабт мешавад.

Дар гузориши солонаи ИМА, ки соли гузашта нашр шуд, омадааст, бо вуҷуди онки Қонуни асосии Тоҷикистон ба ҳамаи шаҳрвандон ҳақ додааст, ки ҳар гуна динеро пайравӣ ва ё расму русумҳои онҳоро иҷрову риоят кунанд, мақомот ва дигар қонунҳо ин ҳаққу ҳуқуқи мардумро маҳдуд мекунанд.

Тоҷикистон кишварест, ки аксари аҳолиаш мусулмонанд. Дар кишвар шахсони то 18-сола ҳаққи ба масҷид рафтанро надоранд ва дар солҳои ахир рӯҳониёни маъруф аз минбари масоҷид дур карда шудаанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад