Таъкиди Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ба тавсеаи равобит

 Шараф Шерализода, муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон бо Раймондос Кроблис, раиси намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар дидори муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва раиси намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ин кишвар мавзӯъоти мухталиф аз ҷумла илҳоқи Душанбе ба системаи тарҷеҳоти таъмимёфтаи ин иттиҳодия баррасӣ шуд.

Шараф Шерализода, муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон бо Раймондос Кроблис, раиси намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар кишвар дидор ва гуфтугӯ кард. Дар ҷараёни ин дидор вазъияти феълӣ ва чашмандози тавсеаи равобити дуҷониба байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.

Дар бахши дигари ин дидор масоили мавриди алоқаи ду тараф аз ҷумла илҳоқи Тоҷикистон ба системаи тарҷеҳоти таъмимёфтаи Иттиҳоди Аврупо (GSP+) баррасӣ шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад