Шароити Русия барои музокирот бо Украина

Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, Маскав барои поёни таниш бо Украина омодаи музокира буд ва ҳаст, аммо барои ин шарти худро дорад.

Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, Маскав барои поёни таниш бо Украина омодаи музокира буд ва ҳаст, аммо барои ин шарти худро дорад.

Ба гузориши манбаъ:

Музокирот барои ҳалли вазъ дар Украина метавонад танҳо бо назардошти манфиатҳо ва нигарониҳои қонунии Федератсияи Русия асос ёбад.

Дар ин бора Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни сафараш дар Туркия.

Вай гуфт:

“Ҳам президент ва ҳам дигар намояндагони Федератсияи Русия борҳо гуфтаанд, ки мо гуфтушунидро рад намекунем. Аммо гуфтушунид метавонад танҳо бо назардошти манфиатҳои Русия, манфиатҳои қонунии Русия ва нигарониҳои қонунии Русия асос ёбад”.

Вай ёдовар шуд, ки нигарониҳои Русияро кишварҳои ғарбӣ “мағрурона сарфи назар карда шудааст”.

Ӯ ҳамзамон таъкид кард, ки Русия “солҳои зиёд дар як муколама бо ҳамкорони ғарбӣ, аз ҷумла НАТО мавқеъи худро дар ин мавзӯъ баён кардааст”.

Лавров ба хабарнигорон афзуд:

“Сухан дар бораи он бояд бошад, ки тартиботи нави ҷаҳонӣ, ки ба ҳамаи мо ба ҷои тартиботи якҷонибаи ҷаҳонӣ ва гегемон лозим аст, ба кадом принсипҳо асос меёбад”,- афзуд Лавров ба хабарнигорон.

Ба гуфтаи сиёсатмадор, кишварҳои ғарбӣ бояд ҳуқуқи сокинони Донбасс ва манотиқи ҳамсояро ба ба назар бигиранд то “онон ба шевае, ки аҷдодони худ зиндагӣ мекарданд” зиндагӣ кунанд.

Ва қаблан раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко пешгӯӣ карда буд, ки Ғарб пас аз нокомии ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои мусаллаҳи Украина барои музокирот дар бораи авзоъ дар Украина омода хоҳад шуд.

Аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина, ҷонибҳо дар моҳҳои феврал ва марти соли 2022 чанд маротиба гуфтугӯ кардаанд.

Се мулоқоти аввалини рӯбарӯ дар Беларус ва даври чаҳоруми муколамаи Русияву Украина рӯзи 29 марти соли 2022 дар Истанбул сурат гирифт. Пас аз он, ин раванд боздошта шуд, зеро Киев аз он хориҷ шуд.

Маскав борҳо изҳор дошт, ки барои гуфтушунид омода аст. Дар ҳамин ҳол таҳлилгарон мегӯянд, то он замоне ки ИМА нахоҳад Киев сари мизи музокирот нишаста наметавонад, зеро ҳоло Амрико ба идомаи низоъ манфиатдор аст.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Қаблан мақомдори Мюнхен хостори таъсиси гурӯҳи тамос оид ба Украина барои “оғози раванди сулҳ” шуда буд.

Амрико, Британия, Фаронса ва Олмон наметавонанд нақши миёнаравҳои бетарафро дар раванди сулҳ дар Украина бозанд, онҳо иштирокчиёни муноқиша бо Русия мебошанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Вазорати умури хориҷии Русия.

Қаблан раиси пешини Конфронси Амнияти Мюнхен Волфганг Ишингер хостори таъсиси гурӯҳи тамос оид ба Украина барои “оғози раванди сулҳ” шуда буд. Он бояд Вашингтон, Лондон, Париж ва Берлинро дарбар гирад.

Дар вазорат афзудаанд:

“Мо расман дар бораи ин иқдом чизе намедонем. Бо вуҷуди ин, идеяи Ишингер саволҳои қонуниро ба миён меорад. Пеш аз ҳама, барои он ки ин чаҳор кишвари зикршуда иштирокчиёни низоъ бо Русия ҳастанд, ки дар қаламрави Украина идома дорад”.

Ин ниҳод қайд намуд, ки ин кишварҳо нерӯҳои Украинаро бо аслиҳа таъмин мекунанд, ба онҳо маълумотҳои иктишофӣ ва таъиноти мақсаднок медиҳанд, Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро таълим медиҳанд ва зархаридонро ба минтақаи амалиёт мефиристанд.

Мусоҳибони агентӣ афзуданд:

“Ин давлатҳо алайҳи Русия таҳримҳои ғайриқонунӣ ҷорӣ карданд, дороиҳои хориҷии онро масдуд карда, таъсиси додгоҳи муҷозоти раҳбарияти Русияро талаб мекунанд”.

ВУХ Русия қайд кард, ки қаблан ин кишварҳо “бо пуштибонӣ аз табаддулоти зиддиконститутсионӣ дар майдон худро бадном карданд.

Дар вазорат гуфтаанд:

“Бо чунин бархӯрдҳо Иёлоти Муттаҳида, Британияи Кабир, Фаронса ва Олмон наметавонанд нақши миёнаравҳои бетарафро дар оғози раванди сулҳ талаб кунанд. Онҳо ба ҳалли бӯҳрон манфиатдор нестанд ва корҳоро мекунанд, ки то ҳадди имкон муқовимат тӯл кашад”.

Русия борҳо изҳор доштааст, ки омодаи музокирот барои ҳалли низоъ аст, аммо Киев дар сатҳи қонунгузорӣ ба музокирот иҷозат намедиҳад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад