Интернети Тоҷикистон, кундтарин дар Осиёи Марказӣ

Бар асоси охирин оморҳо интернети Тоҷикистон ҳамчунон кундтарин дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, “Global Network Speed ​​​​Test Speedtest” гузорише дар бораи  суръати Интернети умумиҷаҳонӣ нашр кард, ки интернети Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ охирин аст.

Дар оғози соли 2022 Тоҷикистон дар зинаи охирин–138-ум ҷойгир буд.

Узбекистон дар ҷои дувум қарор дорад, дар ҳоле ки суръати баландтарин интернет дар Қазоқистон аст.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, ки дар Тоҷикистон нархи обуна ба интернети мобилӣ бо ҳаҷми на камтар аз 1,5 ГБ баландтарин дар минтақа аст.

Тибқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар аввали соли 2023 шумораи истифодабарандагони интернет дар ҷумҳурӣ ба 3,8 миллион нафар ва муштариёни алоқаи мобилӣ ба беш аз 6,5 миллион нафар расида буд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад