Амрико дар умури дохилии Афғонистон дахолат мекунад

Вазири хориҷаи Толибон Амрикоро ба дахолат дар умури дохилии Афғонистон муттаҳам карда гуфт, ки ин иқдоми Вашингтон нақзи тавофуқномаи Доҳа мебошад.

Амирхони Муттақӣ, вазири хориҷаи Толибон, Амрикоро муттаҳам ба нақзи тавофуқномаи Доҳа ва раҳбарони сиёсии давлати гузаштаи Афғонистон ба далели надоштани дидгоҳи воҳид барои музокира кардааст.

Муттақӣ ин изҳоротро дар гуфтугӯ бо шабакаи арабии Дарор матраҳ кардааст.

Вазири хориҷаи Толибон дар ин гуфтугӯ изҳор дошт: “музокироти байналафғонӣ шурӯъ шуд ва идома пайдо кард; аммо тарафи муқобил дар мизи музокирот назар, фикр ва дастури кори воҳид надоштанд. Моҳҳо музокироти пароканда идома ёфт; аммо пешрафте сурат нагирифт.”

Вай ҳамчунин афзуд, ки Амрико ба мудохалаташ дар хоки Афғонистон идома дода ва ин нақзи тавофуқнома Доҳа мебошад.

Ахиран низ Кохи Сафед дар гузорише ба тасмимоти иттихоз шуда дар хусуси хурӯҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон пардохтааст. Расонаҳои амрикоӣ гузориш додаанд дар нусхаи ғайримаҳрамонаи ин гузориш давлати Доналд Трамп то андозаи зиёде омили ошӯбҳо ба ҳангоми хурӯҷи неруҳои Амрико муаррифӣ шудааст.

Дар хулосаи ин гузориш омадааст: “тасмимҳои раисҷумҳур Байден барои иҷрои хурӯҷ аз Афғонистон то ҳадди зиёде ба далели шароити эҷод шуда тавассути раисҷумҳури собиқ маҳдуд шуда буд.”

Дар ин хулосаи гузориш иддао шуда, ки давлати Трамп ҳеҷ барномае барои наҳваи иҷрои хурӯҷи низомиёну тахлияи афғонистониҳои муттаҳиди Амрико ироа накарда буд.

Кох Сафед гуфта адами таомул аз сӯи давлати Трамп бори дигар зарурати ҳамоҳангиҳои муассир дар фароянди интиқоли қудратро ёдоварӣ мекунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад