Шаҳид сайид Абдулфайз ҷавонмарди некуном

Нимаи моҳи шарифи Рамазон ёдовари солрӯзи шаҳодати мазлумонаи сайиди ҷавонмарду саховатпеша эшони Абдулфайзи Абдусаттор аст. Сайиди шаҳид рӯзи нуҳуми майи соли 2020 баъд аз солҳо мубориза ва шиканҷа дар зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе ба шаҳодат расид. Ба рӯҳи ҳамаи шаҳидон ба хусус шаҳидони Рамазон ва сайид Абдулфайз дуруд мефиристем ва бо хонаводаҳояшон изҳори ҳамдардӣ мекунем. Ба ҳамин муносибат муносиб дидем хотироти яке аз ошноёни сайиди шаҳидро пешкаши хонандагон намоем то бо шахсият ва хусусиёти ишон бештар ошно шавем.

Солҳост, ки ҳазорон фарзанди миллат дар зиндонҳои худкомагон бо вуҷуди бегуноҳӣ зери зулму шиканҷа қурбонӣ мешаванд. Эшони Абдулфайз Раҷабов соли гузашта дар нимаи моҳи шарифи Рамазон дар зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе ба шаҳодат расид. Шаҳодати ишонро ба ҳамаи мардуми мусулмони кишвар ба хусус хонавода ва наздикону ёрони шаҳид табрик ва таслият мегӯем ва барои ишон ризвони Худо ва барои бозмондагонаш сабру аҷр аз Худои Мутаол талаб мекунем.

Шаҳиди моҳи меҳмонии Худо сайид Абдулфайз Раҷабов дар соли 1973 мелодӣ дар деҳаи собиқ Фрунзеи ноҳияи Восеъ дар хонаводаи содот ва рӯҳонӣ ба дунё омад. Падараш эшони Абдусаттор фарзанди Раҷаб аз сайидзодагони минтақаи Кулоб ва модараш духтари эшони Абдуламин машҳур ба “ҳазрати эшони Пир” ҳастанд. Бобокалони модарияш эшони ҳоҷӣ Яъқуби Ситёнӣ шахсияти машҳур ва пири тариқат буд, ки дар солҳои 1933-1937 ба Афғонистон ҳиҷрат кард ва ҳамон ҷо даргузашт. Имрӯз мақбараи ишон дар шаҳраки Чаёби вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зиёратгоҳи иродатмандони содот ва тариқат аст. Аз кӯдакӣ бо таълимоти динӣ дар фазои хонавода ошно шуд ва баъд аз хатми мактаби миёнаи рақами 19 дар шӯъбаи мадрасаи исломии “Имом Тирмизӣ” дар шаҳри Кулоб муддате таҳсил кард. Соли 1992 мелодӣ дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар факултаи рӯзноманигорӣ таҳсил кардааст. Ишон ҷавонмарди варзишкор ва паҳлавон ва дар айни ҳол меҳрубону хайррасон буд ва ба касе озор намерасонд.

Аз соли 1990 шаҳид сайид Абдулфайзро, ки ҷавони 17-сола буд мешиносам, замоне ки тоза шуъбаи мадрасаи исломии ба номи “Имом Тирмизӣ”-и собиқ дар масҷиди ҷомеи шаҳри Кулоб боз шуда буд ва ман ба онҷо рафта будам. Он замон ҷамъе аз ҷавонони минтақаи Кулоб дар ин шуъба барои таҳсили улуми исломӣ ҷамъ шуда буданд. Бо теъдоде аз дӯстон, ки синну соли бештаре нисбат ба ин ҷавонон доштем ба дарсу баҳсашон кӯмак ва онҳоро роҳнамоӣ мекардем. Сайиди шаҳид ҷавони пуршуру хунгарм ва фаъолу пешқадам ва меҳвари дигар ҷавонон буд, аз ин рӯ идораи ишон кори осоне набуд. Авоил сайид зери назари яке аз дӯстон дарс мехонд, ки чандин бор аз пуртаҳаррукӣ ва сахтии идора карданаш шикоят кард. Бо шунидани ин шикоятҳо гуфтам, ки мехоҳам дар гурӯҳи ман бошад, чун худам ҳам дунболи чунин ҷавонони боғайрату нотарс будам. Баъд бо падараш эшони Абдусаттор (Худо нигаҳдораш бошад) дар ин бора сӯҳбат кардам, ки фарзанди шумо ҷавони боистеъдоду боғайрат аст ва биёед якҷоя ӯро назорат ва кӯмак кунем то хуб рушд кунад ва осеб набинад, чун дар он замон ба хотири шуҷоату ғайрат ва шури ҷавонияш бо дигар ҳамсолонаш дар давъоҳо зиёд ширкат мекард. Ба дарсу баҳсаш кӯмак мекардам. Ҳамзамон бо кӯмак ба дарсу баҳс ва сӯҳбат аз мубориза дар роҳи Худо ҷавононро ба варзиш ташвиқ ва ҳамроҳашон варзиш мекардем. Алабатта дар мадраса устодони моҳире чун устод сайид Умар Ҳусейнӣ (Худованд ишонро саломат дорад ва озодаш кунад), марҳум эшони Закариё (Худованд рӯҳашро шод кунад), шаҳид мулло Неъматуллоҳ (Ризвони Худо бар ӯ бод) ва дигарон ҳам буданд, ки толибилмон аз дарсу роҳнамоияшон баҳраманд мешуданд. Он замон бо истифода аз фазои ошкорбаёнӣ айни ҷушу хурӯши фаъолияту ҳаракати Наҳзати Исломӣ буд ва маросимҳои амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар ва мавлудхонии Расули Худо (с) зиёд баргузор мешуд ва дар ин маросимҳо уламо ва чеҳраҳои динӣ аз диндорӣ ва талош дар роҳи Худо сӯҳбат мекарданд. Бо ин ки маросимҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар мисли Қурғонтеппаи собиқ ва водии Ҳисор баргузор мешуд, ин шаҳид бо ҷавонони ғаюри шаҳри Кулоб худро ба сафи аввали ин маросимҳо мерасонданд ва аз сӯҳбатҳои воизону олимони динӣ, ки рӯҳияи ҷиҳоду мубориза ва равшангарӣ доштанд, истифода мекарданд.

Вақте митингҳо ва майдоннишиниҳо шурӯъ шуд ҳамчун масъули ҷавонони ҲНИТ дар минтақаи Кулоб ҳамроҳи сайиди шаҳид ва дигар ҷавонон якҷоя ҷузъи пешқадамони ҳозир дар он маросимҳо будем. Ин ҷавонмардон ҳамеша дар сафи аввал буданд ва корҳои сахтро ба ӯҳда мегирифтанд. Вақте ба шаҳри Кулоб баргашта ва бо ҷамъи 15 нафар бесилоҳ аз масҷид ва афроди дохили он дар ҳоли ҳимоят буданд, дар асари ҳамлаи афроди ҷинояткори мусаллаҳ маҷрӯҳ шуд ва баъд аз мудово ба шаҳри Душанбе омад ва фаъолият кард. Баъд аз оғози даргириҳои мусаллаҳона ва пеш омадани давраи ҳиҷрату ҷиҳод ҳудуди чор-панҷ сол аз ҳамдигар ҷудо шудем ва бо беҳтар шудани вазъият дубора ҳамдигарро пайдо кардем. Сайиди шаҳид бо рӯҳияи қавитар ва бо ҷамъ кардани дигар бародарон дар атрофи худ ва мудирияти онҳо ба фаъолиятҳои исломӣ идома медод ва нуфузи калом дошт. Бо ҳамкориву ҳузури муассири ишон чандин нафар ба унвони неруҳои муқовимати исломӣ тарбият ва фаъол шуданд. Баъд аз имзои Созишномаи сулҳу оштӣ ва баргашти неруҳои муқовимати исломӣ ба кишвар сайиди шаҳид боз дар сафи пеши фаъолияту талош ва сарпарастии неруҳои ҷавон буд. Чанд муддат ҳамроҳи ҷавонони ғаюр аз чеҳраҳои маъруфу мубориз ба хусус касоне, ки бар асоси созишнома ва тавофуқи 1997 мақом гирифта буданд, муҳофизат карданд. Бояд таъкид кунам, ки бародари шаҳидам сайид Абдулфайз яке аз иродатмандони хоссу ҷиддӣ ба марҳум устод сайид Абдуллоҳи Нурӣ (Раҳмати Худо бар ӯ бод) буд ва дар муҳофизат аз шахси устод то охирин лаҳза ва бо тамоми тавону ихлос пойдору вафодор монд. Ҳатто дар шароите, ки ҳамроҳии устоди марҳум бо маҳдудиятҳо ва фишорҳои зиёди ҳукумат рӯбарӯ буд, сайиди шаҳид бо ҳар роҳе ҳузури худро ҳифз кард. Ба хусус дар давраи бемории марҳум устод хеле барои дармони ишон талош кард ва дар гуселу истиқбол ва сафарҳои табобатии устоди зиндаёд ҳамвора дар хидмат буд. Аз ин рӯ сияҳрӯзони тирабахт тарҳи зиндонӣ кардани ӯро кашиданд ва ишон маҷбур шуд бори дигар барои чанд сол муҳоҷир шавад ва ба Русия биравад то ин ки бо талошу пайгириҳои зиёд шароити баргашташ фароҳам шуд.

Дар асари талош барои ба даст овардани луқмаи ҳалол ва парҳезкорӣ Худованд ба ризқ ва касбу тиҷораташ баракат дод ва дар тиҷорат муваффақ ва соҳиби шароити хубе шуд. Ҳифзи ин вазъият метавонист ӯро ба муҳофизакорӣ ва даст кашидан аз дардисарҳои узвият ва фаъолият дар ҲНИТ водор кунад, вале ҳеҷ гоҳ ин корро накард. Таъкид мекунам, ки сайиди шаҳид яке аз тоҷирони боинсоф, содиқу ҳалолкор ва парҳезкор буд, ки Худованд аз онҳо тамҷид карда ва барояшон ваъдаи биҳишт додааст ва касоне, ки бо ӯ сарукор доштанд инро тасдиқ мекунанд. Ба хотири сифатҳои писандида ва рӯҳияи хайрхоҳиву машваратдеҳӣ дар миёни мардум ба хусус шаҳри Душанбе ва минтақаи Кулоб соҳиби эҳтирому эътибор гардид ва маъруфу маҳбуб шуд. Барои кӯмак ба толибилмон ва хонаводаҳои ниёзманд ва издивоҷи ҷавонон бисёр дасти саховатмандонае дошт ва ба онҳо кӯмак мекард, ки осори бобаракати он идома дорад.

Дар шароите ки ҳукумат ба ҲНИТ ва аъзои фаъоли он фишорҳои зиёд меовард, мақомот борҳо аз ишон ҳам ба сурати таҳдиду фишор ва ҳам бо додани ваъдаи имтиёзу татмиъ ба сурати ҷиддӣ хостанд, ки аз узвият ва фаъолият дар ҲНИТ даст кашад, вале ишон бо рӯҳияи шуҷоату ҷавонмардие, ки дошт то охирин лаҳзаи расмӣ ва фаъол будани ҲНИТ аз он даст накашид ва наҳзатии вафодору пойдор монд ва ба самти мухолифони ҲНИТ майл нишон надод. Ин шаҳиди сарафроз ҳатто баъд аз манъи расмии фаъолиятҳои ҲНИТ аз он тарафдорӣ ва дар роҳи аҳдофи исломӣ бо фаъолони он ҳамкорӣ мекард ва дар ташкилу идораи бисёре аз ҳалқаҳои дарсу баҳси ҲНИТ нақши муассир дошт ва худаш ҳам яке аз ҳозирони ҳамешагии ин барномаҳо буд. Шаҳид ташкилотчии хубе буд ва аз обрӯ, мол ва тавони худ барои озодии зиндониёни мазлум ва кӯмак ба онҳо истифода мекард, барои мисол гову гусфанд мекуштанд ё таъом мепухтанд ва барои онҳо мефиристоданд ва ба фикри зиндониён ва хонаводаҳои онон буд.

Бадхоҳони фарзандони ғаюру мусулмони тоҷик бо огоҳӣ аз ҷойгоҳ ва рӯҳияи сайид Абдулфайз, ӯро хоре дар чашми худ медиданд ва муддатҳо ба дунболи баҳона буданд то ишонро гирифтор кунанд ва мутаассифона чанд сол қабл ба баҳонаи ин ки гӯё дар ҳаракатҳое даст дошта, ки ман зиёд иттилоъ надорам, сайиди ҷавонмарду динмадорро зиндон ва нисбати ӯ зулму ҷинояти фаровон карданд. Ин сияҳрӯзон агарчӣ ҷисмашро дар зиндон зери шиканҷа афгор карданд, вале натавонистанд рӯҳияи ӯро бишикананд.

Саранҷом бародари муборизамон дар зиндони режими худкомаи золим соли гузашта дар нимаи моҳи шарифи Рамазон мазлумона ба файзи шаҳодат ноил омад. Ин сайиди хайррасону ҷавонмард ва вафодорро хеле дӯст медоштам ва ҳеҷ гоҳ аз пеши назарам дур намешавад ва аз замоне ки хабари шаҳодаташро шунидем, ҳам барои мақоми волояш шукр мекунем ва ҳам ба саодаташ ғибта мехӯрем ва ҷигарҳоямон хун аст, чун аз хубон ва афроди нодири рӯзгор буд. Раҳмату ризвони Худо бар ӯ бод. Умедворем Худованд ӯро бо паёмбарон ва авлиёи худ ҳамнишин кунад ва аз шафоату каромати онҳо бархурдор намояд. Шаҳодати ин фарзанди динмадору ҷавонмард ва мазлуми миллати азизамро ба ҳамаи мардуми шарифи кишвар, хонавода ва пайвандони муҳтарами шаҳид ва ёрону дӯстонаш табрик ва таслият мегӯям ва барояшон аз Худованд сабру аҷри фаровон талаб мекунам.

Агарчӣ аз даст додани ингуна фарзандони ҷавонмарди миллат ва бародарони ҳамроҳу ҳамфикр ва аҳли муборизаву хастагинопазир мусибати бузургест, вале умедворем шаҳодати мазлумонаи онҳо дарахти муқовимати исломӣ ва озодихоҳии миллати моро обёрӣ ва тануманд хоҳад кард ва ҷавонмардони боғайрат интиқоми хунашонро аз ҷинояткорону хиёнаткорон хоҳанд гирифт ва ояндаи равшану саодат ва номи нек аз они аҳли ҳаққу ҳидоят ва субҳи комёбӣ наздик аст. Ин шоа Аллоҳ.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад