Садамаи маргбор дар Масири Хуҷанд-Душанбе

Дар пайи садамаи маргбор дар масири Хуҷанд-Душанбе ва сарозер шудани яке аз мошинҳо ба ҳамроҳи мусофирон ба дараи нишеб ду нафар ҳалок шудаанд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Спутник аз қавл Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар нақл зикр кардааст, ки Дар масири Душанбе-Хуҷанд, дар ҳудуди ноҳиси Варзоб садамаи мудҳише рух дод, ки қурбонӣ дар пай доштааст.

Ҳодиса дар километри 65-уми шоҳроҳи рух дода, ду нафар дар пайи он ҳалок шудааст.

Тибқи иттилои КҲФ, мусофирони мошини сабукрави тамғаи Opel Zafira ҷароҳат бардоштаанд, ки онро марди 36-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд меронд.

Ба иитилои манбаъ, мошин ҳангоми ҳаракат аз самти Хуҷанд ба шаҳри Душанбе бо сабабҳои номаълум аз баландии 600-метра сарозер мешавад.

“Дар натиҷаи садама ронанда ва як мусофир ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхонаи ноҳиявӣ интиқол ёфтаанд. Мутаассифона, ду нафари дигар аз ҷароҳатҳои бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, – гуфтанд дар кумита.

Ҳоло тамоми сабабҳои ҳодиса таҳқиқ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, наҷотдиҳандагон ба ронандагон аҳамияти риояи қоидаҳои ҳаракатро хотиррасон карда, аз онон дархост мекунанд, ки ҳангоми ҳаракат дар масирҳои куҳӣ суръатро риоя кунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад