Баргузории размоиши нерӯҳои низомии Тоҷикистон ва Русия дар Хатлон

Размоиши нерӯҳои низомии Тоҷикистон ва Русия дар вилояти Хатлон дар ҳоли баргузорӣ аст.

Размоиши нерӯҳои низомии Тоҷикистон ва Русия дар вилояти Хатлон дар ҳоли баргузорӣ аст.

Ин размоиш, ки қарор аст, то 7 апрел баргузор шавад, дар размоишгоҳи “Ҳарбмайдон”, воқеъ дар ноҳияи Қубодиён, минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон дар ҳоли баргузорӣ аст.

Дафтари матбуотии Ҳавзаи низомии марказии Русия эълом кард, дар ин тамрини низомӣ аслан нерӯҳои пойгоҳи низомии 201-и ин кишвар бо ҳамтоёни худ аз Тоҷикистон ширкат мекунанд.

Ба гузориши манбаъ, теъдоди низомиёни рус дар ин тамрин беш аз 300 нафар аст, ки ягонҳои кӯҳистонӣ, савораи тирандоз, танкӣ, тӯпхонаӣ, нерӯҳои хоси ҳимоят аз таҳоҷуми кимиёӣ, ташаъшуӣ ё радиатсионӣ ва гурӯҳҳои басиҷи нерӯҳои муборизаи радиоэлектронии Ҳавзаи низомии марказии Русияро шомил мешавад.

Бо ин ҳол, мақомоти Тоҷикистон ҳич эълонеро дар ин замина расонаӣ накардаанд.

Аммо бояд гуфт, пас аз суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон ва ба дасти“Толибон” гузаштани ҳукумат нигаронии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон ва ҳамчунин Русия дар хусуси афзоиши таҳдидҳои террористӣ аз хоки Афғонистон бештар шудааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Вазорати дифои Чин эълом кард, неруҳои ин кишвар барои ширкат дар размоиши муштарак бо Русия ва дигар кишварҳо, аз ҷумла Ҳинд, Беларус ва Тоҷикистон ба Русия сафар хоҳанд кард.

Ба гузориши “Мунибон”, Вазорати дифои Чин эълом кард, неруҳои ин кишвар барои ширкат дар размоиши муштарак бо Русия ва дигар кишварҳо, аз ҷумла Ҳинд, Беларус ва Тоҷикистон ба Русия сафар хоҳанд кард.

Чин бо ин иқдом расман иттиҳоди худро бо Русия эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории “Ройтерс”, ин вазоратхона дар баёнияе эълом кард, ки ширкати Чин дар размоиши муштарак «беиртибот бо вазъияти байналмилалӣ ва минтақаии кунунӣ»аст.

Тибқи баёнияи Пекин, ин манёврҳо бахше аз як тавофуқномаи ҳамкории солонаи дуҷониба дар ҷараён аст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад