Бо тамоми қудрат дар канори муқовимат ва миллати Фаластин ҳастем

Ҳизбуллоҳи Лубнон бо судури баёнияе ба ҳамалоти саҳюнистҳо ба Масҷидулақсо вокуниш нишон дод ва аз ҳимояти комили худ аз муқовимат ва миллати Фаластин хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “ал-Мамнор”, Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияе ба шиддат ҳамалоти ишғолгарон ба муҳавватаҳои Масҷидулақсо ва зарбу шатми намозгузорон ва мӯътакифинро маҳкум кард.

Дар баёнияи Ҳизбуллоҳ, ки субҳи имрӯз панҷшанбе мунташир шуд, омадааст: Ҳизбуллоҳ ба шиддат иқдоми неруҳои ишғолгари Исроил дар ҳамла ба муҳавватаҳои Масҷидулақсо ва ҳамла ба намозгузорон ва мӯътакифин ва зарбу шатми занон ва мардон дар қиблаи аввали мусулмонон ва боздошти садҳо намозгузор ва холи кардани муҳавватаҳо барои вуруди шаҳракнишинон ба он ва ҳатки ҳурматашро ба шиддат маҳкум мекунад.

Дар ин баёния омадааст: Ончи неруҳои ишғолгар анҷом медиҳанд нақзи ошкори ҳурмати мӯъминон ва Байтулмуқаддас ва иқдом алайҳи мусулмонон ва масеҳиён ва озодагон дар дунё ва ноқизи ҳамаи арзишҳои динӣ ва ахлоқӣ ва инсонӣ аст, ки корзори густурдаи маҳкумият ва ибрози инзиҷорро аз сӯи ҳамаи афроди шариф ва озодагон дар дунё талаб мекунад.

Ҳизбуллоҳи Лубнон баён кард: ин паёми ошкор ба ҳамаи созишкорон ва мураввиҷони оддисозӣ дар бораи моҳияти воқеӣ ин душман ва иқдомоти террористӣ ва ҷиноёташ аст.

Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияи худ зимни ибрози ҳамбстагии комил бо миллат ва гурӯҳҳои муқовимати Фаластин, таъкид кард, ки дар ҳар гоме, ки онҳо дар ҳимоят аз намозгузорон ва Масҷидулақсо ва боздорандагӣ дар бораи идомаи таҷовузот ва ҳамалоти душмани саҳюнистӣ анҷом диҳанд, дар канорашон қарор дорад.

Соате қабл ҳам, Айман аш-Шашния, дабири кулли кумитаҳои муқовимати Фаластин эълом кард: муқовимати Фаластин сокинони Қудс ва мӯътакифин дар Масҷидулақсоро дар баробари ҳамлаи барномарези шудаи саҳюнистҳо танҳо нахоҳад гузошт.

Вай таъкид кард: Сайфулқудс барои дифоъ аз Масҷидулақсо ва шаҳри Қудс ҳамчунон побарҷост ва ба душман иҷозаи тарҳҳои палидаш дода нахоҳад шуд.

Айман аш-Шашния, афзуд: Мо ба сарони душман дар бораи таҳаррукоташон ҳушдор медиҳем. Муҳофизон дар дохили Масҷидулақсо бо шуҷоати тамом аз Масҷидулақсо ҳимоят хоҳанд кард ва бо тарҳҳои душман ба муқобила бар мехезанд.

Вай таъкид кард: Муҳофизони Масҷидулақсо дар ростои дифоъ аз каромати ҷаҳони араб ва Ислом бо тарҳҳои душман муқобила мекунанд ва уммати Ислом бояд ҳомии онҳо бошад.

Дабири кулли кумитаҳои муқовимати Фаластин аз ҳамаи муборизон дар ҳар маконе хост, ки ба ёрии Масҷидулақсо башитобанд ва зарботи мӯҳлике ба душмани саҳюнист ва шаҳракнишинони саҳюнист ворид кунанд.

Ин дарҳоле аст, ки низомиёни саҳюнист муҷаддадан ба муҳавватаи Масҷидулақсо ҳамла бурданд то монеъ аз эътикофи намозгузорон дар Масҷидулақсо шаванд. Даргириҳо байни Фаластиниён ва низомёни саҳюнистӣ дар муҳавватаи Масҷидулақсо рух дод.

Дар пайи ин ҳамла, ҳазорон фаластинӣ, дар муҳавватаи Масҷидулақсо таҷаммӯъ карданд то ҳамалаи муҷаддади низомиёни саҳюнист ба Масҷидулақсоро маҳкум кунанд. Низомиёни саҳюнист дар пайи ҳамла ба Масҷидулақсо, бо гулӯлаи пластикӣ, Фаластиниёнро ҳадаф қарор доданд.

Низомиёни исроилӣ монеъ аз вуруди мошинҳои ёрии таъҷилӣ барои расидан ба дарби вурудии Ал-Асбот дар Қудс шуданд. Дар ҳамин росто, низомиёни саҳюнист, таҷҳизоти бештаре ба маҳаллаи қадимии Қудс оварданд.

Шуморе аз Фаластиниён дар пайи ин даргириҳо маҷрӯҳ шуданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад