Сел ба киштзорҳои Суғд беш аз як миллион сомонӣ зарар задааст

Аз боронҳои сели ахир бештар аз ҳама дар шимоли кишвар заминҳои кишт дар ноҳияи Ҷаббор Расулов талаф ёфтааст, ки зарари он беш аз миллион сомонӣ аст.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз Спутник, Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, ҳаҷми зарари расида аз селхезӣ ба соҳаи кишоварзиро маълум карданд

Тибқи гузориши Комиссияи ноҳиявӣ, дар натиҷаи селхезӣ бештар аз ҳама заминҳои кишти пахта талаф ёфтааст.

Хайрулло Бобозода, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷаббор Расулов гуфтааст, дар умум офати табиии рӯзи 2 апрел дар 210 га замини киштшударо хароб кардааст.

Вай изҳор намуд, “Аз ҷумла замини кишти пахта 129, 8 га, картошка 4, 5 га, пиёз 4, 2 га, гандум 6, 4 га, офтобпараст 16 га, ҷави баҳорӣ 12 га, юнучқа 8,5 га, полезиҳо 3, 8 га ва ҷуворимакка 25 га талаф ёфтааст.”

Бар пояи иттилоъи манбаъ, ин заминҳои кишт асосан дар ҷамоатҳои Ғулакандоз, Деҳмой ва Ҳаёти нави ноҳияи мазкур буда, гуфта мешавад, ҳаҷми зарари он ба беш аз миллион сомонӣ баробар гардидаас.

Ин танҳо хисороте аст, ки ба соҳаи кишоварзӣ расида, боқимонда харобаҳои роҳу иншоотҳои аҳолиро маълум мекунанд.

Ба гуфти Хайрулло Бобозода, ба деҳқонҳои аз офати табиӣ зарардида тухмии зироат ройгон тақсим карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 2 апрел бар асари боришоти борони пуршиддат дар чанде аз шаҳру навоҳии кишвар аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон ва ноҳияи Ҷаббор Расулов селхезӣ рух дода, роҳҳои мошингард, замини кишти зироат ва иморату иншооти сокинонро харобу валангор намуд.

Хушбахтона талафоти ҷонӣ дар байни сокинон ба қайд гирифта нашудааст.

Мақомоти КҲФ Суғд мегӯянд, комиссияи таъсисшуда хисороти расида аз селхезӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоятро маълум мекунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад