Ҳамалоти Исроил ба намозгузорон ва мӯътакифон иқдоми шайтонӣ аст

Раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман ба ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба намозгузорон ва мӯътакифон дар Масҷидулақсо вокуниш нишон дод ва бар зарурати муқобила бо он таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории “Ал-Масира”, “Сайид Абдулмалик Ал-Ҳусӣ” раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман эълом кард: ҳамалот Исроил ба намозгузорон ва мӯътакифон дар Масҷидулақсо иқдоми шайтонӣ аст, ки бояд бо он муқобила шавад.

Сайид Абдулмалик Ал-Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман афзуд: Ин вазифаи мусулмонон аст, ки дар канори мардуми мазлуми Фаластин қарор бигиранд. Истодани масъулона дар канори миллати Фаластин, душмани саҳюнистро шикаст хоҳад дод.

Вай изофа кард, лобии саҳюнистӣ – яҳудӣ дар сафи аввали авлиёи шайтон барои фасоди мардум ва ҷомеа аст.

Сайид Абдулмалик Ал-Ҳусӣ, хостори ҳимояти ҳамаҷониба аз миллати Фаластин шуд ва иттихози мавзеъи дуруст дар қиболи душмани саҳюнистиро дорои аҳамияти зиёде донист.

Аз сӯи дигар “Меҳди ал-Машат”, раиси шӯрои олии сиёсии Яман низ ҳамлаи низомиёни саҳюнистӣ ба намозгузорони фаластинӣ дар Масҷидулақсоро маҳкум кард.

Вай гуфт: Мо дар Яман ва бо вуҷуди шароити кунунӣ, муштоқ ҳастем, ки нақши муассир ва амалӣ барои озодии Фаластин дошта бошем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад